
Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия имкони дарёфти шогирдонаи хосаи солонаро доранд
Нашр шуд
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, метавонанд дар қуръакашии ҳашт шогирдона (стипендия)-и хосае, ки андозаи ҳар яки он дар як моҳ аз 1,5 ҳазор то 20 ҳазор рублро ташкил медиҳад, ширкат варзанд. Шумораи ҳар як квота аз 2 то 10 нафар пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои баргузоркунандагон, донишҷӯёни солҳои 2-3-уми таҳсили бакалавриат, солҳои 2-4-уми таҳсили тахассусӣ, соли 1-уми таҳсили магистратура ва донишҷӯёни солҳои 1-2-уми таҳсили аспирантура имкони пешниҳоди дархостҳои хешро доранд.
Гуфта мешавад, ки номзадҳо бояд ду нимсолаи охири таҳсилро бидуни баҳои се анҷом дода, дар ду соли охир дастовардҳои шахсӣ ё даставӣ, аз ҷумла мақолаҳои илмӣ, суханрониҳо дар конфронсҳо ё пирӯзӣ дар озмунҳоро дошта бошанд. Илова бар ин дар давоми таҳсил довталаб набояд аз ҳуқуқи супоридани такрории имтиҳон истифода карда бошад.
Дархостҳо то 27-уми апрел дар деканат, дар қабулгоҳи ректор ё вебгоҳи стипендиатроссии.рф дар бахши «Тамос» қабул карда мешаванд. Рӯйхати ғолибон то 1-уми сентябр расонаӣ хоҳад шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед