Ru  | Tj
Кӯдакони Тоҷикистон имкони бурди роҳхат ба «Артек» доранд
Кӯдакони Тоҷикистон имкони бурди роҳхат ба «Артек» доранд
Акс: kmv-tur.org

Кӯдакони Тоҷикистон имкони бурди роҳхат ба «Артек» доранд

Нашр шуд

Барномаи байналмилалии «Ҷавонони Иттиҳод» миёни кӯдакони Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд озмун эълон менамояд.

Ҷоизаи озмун роҳхат ба истироҳатгоҳи бонуфузи Русия - «Артек» барои давраи аз 15-уми июл то 5-уми август гуфта мешавад.

Бино ба иттилои масъулин, озмун аз якчанд марҳилаи интихоботӣ иборат буда, дархостҳо то 1-уми май қабул карда мешавад. Ҳамин тариқ, баррасии супоришҳои озмунӣ аз 1 то 15 майи соли 2023 идома карда, натиҷаҳои озмун то 1 июни соли 2023 ҷамъбаст хоҳад шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 14 то 16 сол дошта, забони русиро балад ҳастанд ва шомили иттиҳодияҳои кӯдакону наврасон мебошанд, имкони иштирок дар озмуни мазкурро доранд.

Гуфтанист, дархостҳо бояд ба роёнишонии info@youthrussia.ru. ирсол карда шаванд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед