Ru  | Tj
TajRupt - насли болаёқати Тоҷикистон
TajRupt - насли болаёқати Тоҷикистон

TajRupt - насли болаёқати Тоҷикистон

Нашр шуд

Фаъолиятӣ маркази TajRupt ва tajrupt.ia барои омӯзонидани зеҳнӣ маснуӣ барои хонандаҳои мактабҳои миёна ва донишҷӯён равона карда шудааст. Ба ҳайси омӯзгорон дар tajrupt хатмкунандаҳои тоҷикистонии донишгоҳҳои Амрико ва профессорон ба шунавандагон лексияҳои сар карда аз чи тавр ба донишгоҳҳои Амрико дохил шудан то омӯзиши ҳар гуна барномаҳои компютерӣ ва ворид намудани зеҳни маснуӣ ба зиндагии ҳаррузаи мардум равона карда шудааст.

Максади ин марказ - тарбияи насли ҷавон аз курсии мактабӣ ва сайқал додани тафаккури интиқодии ҷавонон мебошад. Аксари шунавандагони марказ бо забони англисӣ озодона ҳарф мезананд. Инчунин лексияҳои бо забони русӣ низ ҳаст. Азизҷон Азимӣ муассиси марказ итминон дорад ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад ба хаби зеҳни маснуӣ табдил ёбад ва ҷавонони Тоҷикистон, дар ватани худ зиндагӣ намуда, ба тамоми ширкатҳои ҷаҳонӣ хизматрасониҳои худро пешниҳод кунанд.

Ба ғайр аз ин дар давраи пандемия ташкилоти ҷамъиятии tajrupt як қатор ташаббусҳо иқдом гирифтанд.

-Гузаронидани суҳбатҳои фаҳмондадеҳи бо ҷавонон тариқи шабакаҳоӣ иҷтимоии Instagram ва Facebook.

- Марказӣ онлайн медитсинаи Yakdu дар ҳамкори бо Мегафон ба тамоми шаҳрвандон имкон фароҳам овард, то ки машварати табибони пуртаҷрибаро гиранд дар ҳолати сар задани симптомҳои коронавирус машварати табибонро тариқи онлайн ё тавассути телефони гиранд.

- Ҳамзамон ташкилоти ҷамъиятии TajRupt ғолиби барномаи глобалии тадқиқотии "AI for Health" барои ҷори кардани зеҳни маснуӣ ба соҳаи тандурустӣ гардид, ки аз тарафи ширкати бузургтарини ҷаҳон Microsoft дастгири мешавад. TajRupt бо Microsoft меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расондан.

Хонандагони синфҳои 8-11 ва донишҷуён! Барои шунавандаи маркази захиравии ҷамъиятии TajRupt барои омӯзиши беруназсинфӣ бо забони англисӣ шудан ба сайти www.tajrupt.org/apply анкета пур карда равон кунед. Барои саволҳои иловагӣ оид дохилшавӣ ба рақами 92-770-0001 занг занед ё ба почтаи электронӣ contact@tajrupt.org нависед.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед