Озмун барои рӯзноманигорон ва блогерони Тоҷикистон
Нашр шуд
Рӯзноманигорон ва блогнависон аз Тоҷикистон барои ширкат дар озмуни "Енисей" даъват мешаванд.
Ба озмуни мазкур маводҳо ба забони русӣ, ки аз 1 сентябри соли 2023 то 11 августи соли 2024 нашр шудаанд, қабул мегарданд.
Довталабон метавонанд бо шартҳои озмун шинос шуда, барои ширкат дар он то рӯзи 11 август дар сомонаи озмун дархост пешниҳод кунанд.
Маросими супурдани ҷоиза рӯзҳои 3-4 октябр дар Красноярск дар ҳамоиши расонаии "Енисей" баргузор мешавад.
Ба ғолибони озмуни эҷодӣ хароҷоти роҳ ва будубош ҷуброн карда мешавад.
Озмун дар бахшҳои зерин баргузор мегардад:
“Оилаи ман - сарвати ман” (мавод ва лоиҳаҳо дар бораи оилаҳои солим ва муваффақ);
“Ин сарзамини мост” (маводҳо оид ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ);
"Берун аз чорчӯба" (маводҳо дар бораи лоиҳаҳо ва амалҳое, ки татбиқи онҳо аз қолабҳои расонаӣ "берун рафтааст" ва ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ нигаронида шудааст);
“Беҳтарин акс” (аксҳое, ки дар расонаҳои чопӣ ва электронӣ нашр шудаанд);
“Беҳтарин наворбардор/видеограф” (порчаҳои видеоии шабакаҳои телевизионӣ, ки дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд);
«Блоги беҳтарин» (саҳифаҳои шахсӣ ё каналҳо дар шабакаҳои иҷтимоии «ВКонтакте», «Одноклассники», «Telegram»).
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед