Ru  | Tj
Георгий Пинхасов: “Ба суратгир ба мисли духтур бовар доранд”
Георгий Пинхасов: “Ба суратгир ба мисли духтур бовар доранд”
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Георгий Пинхасов: “Ба суратгир ба мисли духтур бовар доранд”

Нашр шуд

Георгий Пинхасов ягона аксбардори рус аст, ки ба узвияти агентии байналмилалии аксбардорӣ – “Magnum Photos” пазируфта шудааст. Пенхасов аз зумраи номдортарину машҳуртарин аксбардоронест, ки ҳунари волояш дер боз дар қалбҳо маъво гирифта. Ӯ барои маҷаллаву рӯзномаҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегираду барандаи чандин ҷоизаи байналмилалист. Георгий ба ҳунару зиндагӣ нигоҳи фарқкунанда дорад. Ҳар як акси гирифтааш навидест аз санъати воло. Ӯро ҳунар ба Фаронса бурд, он ҷо обутоб ёфту шӯҳратёр гашт. Вале Ватани аҷдодӣ, ки ӯ аз яҳудиёни Бухорост ва бо забони форсии тоҷикӣ ҳам суҳбат мекунад, ӯро сӯйи худ мекашад. Дар сафари охирине, ки ба Тоҷикистон дошт, бо ӯ дар бораи шуғли дӯстдоштааш ҳамсӯҳбат шудем.


АКСБАРДОРӢ ОЗОДИРО МЕПИСАНДАД

- Бисёр ҷолиб аст бидонам, ки чӣ гуна аксбардор шудед?

- Бори аввал соли 1966 дар заминларзаи шаҳри Тошканд сурат гирифта будам. Тақрибан 13-14 сол доштам. Ҳангоми мактабхонӣ низ кам-кам аксбардорӣ мекардам. Аммо мехостам наворбардор бошам. Ба ин хотир баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии синамогарии Русия ба номи А Герасимов (ВГИК) дохил шуда, онро бо ихтисоси наворбардор хатм намудам. Чанд муддат дар «Мосфилм» низ фаъолият доштам. Дарк намудам, ки дар филмсозӣ бояд бо гурӯҳи корӣ омехта бошӣ ва ба касе итоат намоӣ. Масалан, кори наворбардор ба коргардон вобаста аст. Аммо ман инро намехостам. Он айём фикр мекардам аксбардорӣ касби муҳим ва пурхаридор аст. Аз ҷониби дигар суратгир дар бештари ҳолатҳо озод мебошад ва бо ин касб имконияти сафар кардан хеле зиёд аст. Ман, ки саёҳатро хеле дӯст медорам. Аз ин хотир касби наворбардориро ба аксбардорӣ иваз кардам.

   - Аммо то ҷойе огоҳем, ҳоло барои рӯзномаву маҷаллаҳо низ акс мегиред. Фикр намекардед, ки дар идораи нашрияҳо низ фармуда ё хости роҳбарро иҷро мекунед?

- Талош менамоям дастури идораи нашрияро сари вақт иҷро кунам ва бо вуҷуди ин худро ба қавле озод эҳсос мекунам. Зеро вақти зиёдро барои худ сарф менамоям. Масалан агар аз 1000 акси гирифтаам 100 акс барои идора бошад, боқимонда барои худам аст. Ончиро, ки мехоҳам ва ҳар чизе, ки ба назарам ҷолиб менамояд, акс мегирам. Пасон онҳоро ба дӯстону наздиконам нишон медодам.


- Хеле барвақт ба кишвари Фаронса сафар кардед. Шуморо ба кор даъват карданд ё сабаби дигаре дорад?

- Ҳамсарам фаронсавӣ аст. Соли 1985 баъди хонадоршавӣ ба Фаронса кӯч бастам. Метавон гуфт, ки маро муҳаббат ба Фаронса бурд.

   ДАСТГОҲИ АККОСӢ РАҲКУШОСТ

- Ба агентии “Magnum Photos” чӣ гуна роҳ ёфтед?

- Вақте бо Салгадо Себастиан (яке аз беҳтарин аксбардорони ҷаҳон, ки бештар дар жанри мустанад акс мегирад - муаллиф) шинос шудам, аз ман хост, то аксҳоямро ба агентии мазкур пешниҳод кунам ва бахтамро бисанҷам. Ҳамасола аксбардорони зиёд аз тамоми гӯшаву канори олам барои узвият дар “Magnum Photos” аксҳояшонро пешниҳод мекунанд. Ҳамин гуна бахтам баландӣ карду маро ба узвият пазируфтанд.


   - Дар яке аз мусоҳибаҳоятон таъкид менамоед, ки ба суратгир ҳама чиз имконпазир аст. Шумо аслан чиро дар назар доред?

- Аз ин таъкиди ман маънои ғайриодӣ ё фалсафӣ наҷӯед. Аксгир ҳамон гунае, ки таъкид намудам, нисбат ба дигарон озодтар аст. Ӯ ба ҳама ҷо имконияти рафтан дорад. Гуфтани он ки ман аксгирам ва кори худро иҷро мекунам, кофист. Дастгоҳи аккосӣ ба шумо имкон медиҳад ба ҳама ҷо роҳ ёбед. Маросимҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва умуман ҳама ҷо. Ғайр аз ин, ба суратгир чун ба духтур бовар доранд.

   МУШОҲИДАКОРӢ – ШАРТИ МУВАФФАҚИЯТИ СУРАТГИР

- Шумо зиёд саёҳат мекунед. Бигӯед, ки ҷойу макон барои аксбардор чӣ нақш дорад?

- Албатта, ҳар макон хусусиятҳои хоси худро дорад. Аммо барои акси хуб гирифтан ҷойу макон чандон муҳим нест, зеро ҳама ҷо одамон ҳастанду рӯшноӣ низ як хел мебошад. Муҳим мушоҳидакор будан аст. Ва муҳимтар аз ин интихоби худи шумост, яъне чиро ё киро ва чӣ тавр акс гирифтан мехоҳед.


- Шумо бештар дар жанри гузориш акс мегиред. Чаро?

- Ҳангоми кор карданам дар “Мосфилм” соли 1979 коргардон Андрей Тарковский маро барои ҳамкорӣ дар филми “Сталкер” даъват намуд. Таклифро пазируфтам ва дар бораи ин филм гузориши аксӣ омода намудам. Фикр мекунам сабаби ба ин жанр таваҷҷуҳ карданам аз ҳамин ҷост. Ғайр аз ин, аксҳои суратгир Анрӣ Карте-Бриссон ба ман таъсир карданд. Ман ихлосманди ҳунари ӯ мебошам.

   - Аз замони Шӯравӣ то имрӯз ба Осиёи Миёна, хоса ба Ӯзбекистон борҳо сафар кардаед. Таваҷҷуҳи шуморо ба ин минтақа бештар чӣ ҷалб менамояд?

- Гузаштагони ман инҷоиянд. Аниқтараш онҳо аз яҳудиёни Бухороянд. Волидонам забони форсии тоҷикиро хуб медонистанд ва дар хона ба ин забон суҳбат мекарданд. Ман низ баъзе вожаҳои тоҷикиро медонам. Ба қавле Ватани бобоҳоям, сӯйи гузаштаҳои худ меоям.


   - Ташаккур барои суҳбат!

- Саломат бошед.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед