Ru  | Tj
“Идомабахши кори паёмбарон”. Равоншинос кист ва чӣ рисолат дорад?
“Идомабахши кори паёмбарон”. Равоншинос кист ва чӣ рисолат дорад?
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Идомабахши кори паёмбарон”. Равоншинос кист ва чӣ рисолат дорад?

Нашр шуд

Мусаллам аст, ки ҳоло мардуми мо ба таври бояду шояд ба равоншиносон таваҷҷуҳ надоранд, қадр намекунад ва ҳатто истифода намебаранд. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, донишҷӯёни зиёде дар макотиби олӣ дар ин ришта таҳсил мекунанд ва ба ояндаи дурахшони он дар кишвар умед доранд.

Дар ин росто, Halva.tj бо Марям Давлатова – равоншиноси шинохтаи тоҷик суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, то ки ҳам довталабон ва ҳам донишҷӯёни соҳаи мазкур дар бобати касби равоншиносӣ маълумоти бештар дошта бошанд.

- Муаллимаи азиз, нахуст бигӯед, ки одамизод кай ба равоншиносӣ рӯй овард ва аввалин корҳо дар ин соҳа кадомҳоянд?

- Гумон дорам, аз замоне ки худро шинохт. Фақат равоншиносӣ он замон дар шакли илм набуд, одамон таҷрибаи муносибатсозӣ ва аз ҳолатҳои мушкил баромаданро аз насл ба насл медоданд. Фарҳанги ҳамаи халқҳои олам ин донишҳоро дорад, ки онро этнопсихология меноманд.


- Саромадони касби равоншиносӣ киҳо буданд?

- Донишҳои равоншиносӣ асрҳои зиёд дар дохили илми фалсафа ҷой доштанд. Вале ҳамчун илми алоҳида дар асри ХХ зуҳур намуд. Ҳоло рвоншиносӣ яке аз илмҳои муҳимми замон гардидааст ва метавон гуфт, ки он соат ба соат рушд мекунад.

- Муаллим ба наслҳо таълиму тарбия медиҳад, духтур солимии ҷомеаро таъмин мекунад, бигӯед, ки вазифаву рисолати равоншинос дар ҷомеа чист?

- Равоншиносон ба ибораи равоншиноси амрикоӣ Эрих Фромм “кори пайғамбаронро идома медиҳанд”. Ман ба ин илова мекунам, ки равоншинос инсонро бо худаш оштӣ медиҳад, малакаҳои гумшудаи хушбахтиро дар замири инсонҳо эҳё мекунад.

- Муносибат, муошират ва умуман аҷргузорӣ ба намояндагони касби равоншиносӣ дар ҷомеаи мо чӣ гуна аст?

- Барои ҷомеаи мо ва на танҳо мо, кор бо равоншинос чизи хеле наву ношинос аст. Ҳама чизи навро табиати инсон эҳтиёткорона қабул мекунад. Вале мо дар раванди фаъолшавии муносибатҳоем.

- Паҳлӯҳои мусбат ва манфии касби мазкур кадомҳоянд?

- Ягона паҳлӯи мусбат он аст, ки вақте нигоҳи чашмони маҳзуне баъди суҳбати шумо рӯшан мешавад, дар чеҳраи инсон табассуми гумшудааш эҳё мешавад ва мефаҳмӣ, ки умеди нафаре зинда шудааст. Вале заҳмати рӯҳшикане, ки ин касб дорад, барои худи равоншинос хатарнок аст. Баъдан, на ҳамеша барои аз ҳолати вазнин баровардани инсонҳо муваффақ мешавем, зеро ин ба худи онҳо низ вобаста аст. Агар инсон интихоби бадбахт буданро тағйир додан нахоҳад, кӯмаки равоншинос беҳуда аст.


- Ҳоло мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки бархе касбҳо нодаркор шуда истодаанд ва намояндагонашон бекор мемонанд. Шумо умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- Ин касб то замони будани инсоният боқӣ хоҳад монд, зеро инсон ҳамеша ба хушбахтӣ ниёз дорад.

- Равоншинос то андозае рӯҳи одамонро медонад, барои пешрафти кори соҳибкасб мардум бояд чӣ бидонад ё риоя кунад?

- Одамон бояд бидонанд, ҳар як мушкил роҳи ҳал дорад ва равоншинос нафарест, ки метавонад дар ин маврид, нерӯҳои ботинии худи инсонро ба ӯ нишон диҳад.

- Дар замони кунунӣ касби равоншиносӣ қобилияти таъмини рӯзгори намояндаашро дорад?

- На. Масалан, равоншиноси мактаб. Аз ин рӯ, ин касбро на ҳар кас интихоб мекунад. Хатмкунандагони донишгоҳҳои моро на ҳамеша шумо дар ин вазифа мебинед.

- Дар ҳаёти Шумо мафҳуми “психология” чӣ хел пайдо шуд ва чӣ гуна ин касбро интихоб кардеду омӯхтед?

- 22 сол қабл, вақте ки ба саволҳо ҷавоб наёфтаму тасодуфан бо бонуи равоншиносе аз хориҷи кишвар вохӯрдам. Ҷавоби саволҳоямро осон дод. Аз ҳамон вақт ба умқи ин илм рафтам ва ҳанӯзам меомӯзам.


- Киро метавон равоншиноси воқеӣ гуфт?

- Ҳар нафареро, ки касбашро боидрокона интихоб кардааст.

- Равоншиносӣ паҳлӯҳои гуногун дорад, Шумо дар кадом самти он фаъолият мекунед?

- Гендер ва оила.

- Дар вақти душвории кор чӣ кор мекунед ва умуман дар кадом ҳолат кор барои Шумо душвор мешавад?

- Ҳамеша душвор аст.

- Дар вақти кор ҳолатҳои ногувор зиёд мешаванд, кори Шумо кадом ҳолатҳои ногувор дорад?

- Вақте одамоне, ки вижагии ин касбро намедонанду дар бораи он қазоват мекунанд. Ин ҳолат баъзан хандаовар ва дар айни ҳол дилгиркунанда аст.

- Барои равоншинос шудан бояд дар куҷо таҳсил кард?

- Донишгоҳҳои зиёд аз рӯи ин ихтисос мутахассис омода мекунанд ва довталабон метавонанд вобаста ба шароит, шавқу завқ, муҳит ва макони ҷойгиршудаи онҳо таҳсил кунанд.


- Киҳо метавонанд довлатаби касби равоншиносӣ шаванд?

- Онҳое ки ба он рағбат доранд.

- Барои омӯхтани ин касб чӣ ё чиҳо лозим аст?

- Талош ва завқ.

- Чун ҳоло баъзе касбҳоро аз интернет омӯхтан мумкин аст, оё имкон дорад, ки равоншиносиро тавассути Ютуб омӯхт?

- Қисман омӯхтан мумкин аст, вале бе устод мушкил.


- Ба фикри Шумо чаро бояд ҷавонон касби равоншиносиро интихоб кунанд?

- Аксаран равоншиносони хуб онҳоеанд, ки ин касбро дар давраи камолот омӯхтаанд, он касби дуюму сеюмашон аст. Илми равоншиносӣ то андозае таҷрибаи зиндагӣ мехоҳад. Танҳо диплом кофӣ нест.

- Тавсияҳои шумо ба равоншиносони оянда...

- Биомӯзед.



“Профессор графических наук”. Дониёр Сангинов чӣ гуна дизайни графикиро омӯхту меомӯзонад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед