Кор бо ботин ва бадан: Равоншинос Амина Осимӣ гуфт, чӣ гуна ҳаёти худу дигаронро тағйир медиҳад
Нашр шуд
Кори равонию маънавӣ бо худ, кор бо тафаккур, тағйири бархӯрдҳо ва боварҳо феълан аз тамоюлҳои меҳварианд. Равондармонӣ шохаҳои зиёде дорад, ки яке аз онҳо кор бо бадан мебошад. Амина Осимӣ, равоншинос ва ботиншинос дар мавриди ин шева, аввалин сеанс, нарх ва талабот ба он дар Тоҷикистон суҳбат кард.
Осимӣ се сол ҳаст, ки ба тамрини равоншиносии бадан пардохтааст. Илова бар ин, ӯ роҳбари бошгоҳи занон аст, ки моҳи октябри соли 2022 ифтитоҳ шуд.
Дармони баданмеҳвар чист ва онро чӣ хел бояд кор бурд?
- Равоншиносии бадан чист? Он аз равоншиносии маъмулӣ чӣ тафовуте дорад?
- Равоншиносии бадан шохае аз равоншиносӣ аст, ки бо дархостҳо, осебҳо, равонранҷуриҳои афрод тавассути бадан кор мекунад. Як фард тамоми эҳсосот, стресс, тарсу ҳарос ва хурсандиро дар сатҳи бадани худ таҷриба мекунад ва метавон муддати тӯлонӣ сари худро кор фармуд, аммо маҳз равоншиносии бадан аст, ки ба инсон кумак мерасонад, то ба худогоҳӣ, ҳалли мушкилот ва сатҳи ҷадиди зиндагӣ бирасад.
- Сеанси аввалин чӣ тавр мегузарад?
-Сеанси аввал бо муколама оғоз мегардад. Барои ман муҳим аст, ки бифаҳмам, ки дархости муштариро ҳал карда метавонаму ӯ низ бо ман худро роҳат эҳсос мекунад. Вақте, ки дархост шакл мегирад, бо кумаки тамринҳои хосе муколамаро бар асоси эҳсосоти мавҷуд дар бадан анҷом медиҳем. Бо гирифтани як эҳсоси манфии қавӣ иллати аслии онро пайдо карда, аз бадан “берун” мекунем. Ҳамин тариқ, метавон аллакай дар сеанси аввал ба натиҷа расид.
- Равоншиносии бадан барои киҳо муфид аст?
- Ман фақат бо занон кор мекунам, аммо равоншиносии бадан барои ҳама, кӯдакон, калонсолон, мардон ва занон муфид аст. Равоншиносии бадан на танҳо мушкилоти руҳӣ ва равониро ҳал мекунад, балки ба аҳвол, саломатӣ ва зебоии бадан таъсиргузор мебошад. Ҳатто агар фард ниёзе ба ҳалли масоили даруни худ эҳсос накунад, метавонад аз тамриноти бадан ба унвони беҳбуди саломатӣ ва кайфияти зиндагӣ истифода кунад. Масалан, бисёре аз афроди машҳури ҷаҳон ва тоҷирони муваффақ ба таври мудовим бо тамриноти бадан машғул ҳастанд.
- Оё байни равоншиносии бадан ва медитатсия умумияте вуҷуд дорад?
- Бале. Мо зеҳнро ором сохта, ба умқи худогоҳӣ фурӯ меравем. Равиши ба ном "изтирори бадан" вуҷуд дорад, ки дар он афрод пурра ба худ фурӯ меравад ва пас аз усули муайян аз ин ҳолат комилан орому сабук мебароянд.
– Дар равоншиносии бадан аз кадом равишҳо истифода мебаред?
– Қаблан ба равиши «изтирори бадан» ишора кардам, зеро он маҳбубтарин ва созандатарин ба ҳисоб меравад. Инчунин, вобаста ба дархост, як қатор тамринҳои бадан, аз ҷумла чизе байни йога, машқҳои нафаскашӣ ва медитатсияро интихоб мекунам. Он чизе, ки рӯҳ, зеҳн ва ҷисмро шакл медиҳад. Ман инчунин аз равиши муколамаи классикӣ истифода мебарам.
- Кадом узвҳои бадан барои чӣ масъуланд?
- Дар маҷмуъ, дар бадан ҳафт банд мавҷуданд, ки равоншиноси бадан аз тариқи онҳо кор мекунад: чашм, ҷоғу ҳалқ, гардан, қафаси сина, диафрагма, шикам ва коси хурд. Ин аст як мисоли ҷолибтарин блокҳои бадан. Агар банди қафаси сина масдуд шуда бошад, пас ҳеҷ робитае бо шарик вуҷуд надорад ё бояд ба мушкилот муқобила кард. Инсидоди банди гардан ба он оварда мерасонад, ки ҳама корҳои инсон дар сатҳи идея анҷом меёбанд. Ва банди пӯшидаи устухони кос ин набудани пул ва пешравиҳо дар кор аст. Ҳамаи ин метавонад ва бояд ҳал карда шавад.
– Равоншиносии бадан айни замон дар миёни тоҷикон чӣ қадар талабот дорад? Ҳазинаи чунин сеанс чӣ қадар аст?
– Ман ба наздикӣ ба Тоҷикистон омадам, ин ҷо Ватани ман аст ва орзуи бузурги ман густариши фарҳанги равоншиносӣ дар кишварамон мебошад. Айни замон, бисёриҳо таваҷҷуҳ доранд, аммо аз ташриф ба назди равоншинос меҳаросанд. Дар байни чунин одамон ақидае вуҷуд дорад, ки «танҳо одами бемор метавонад ба назди равоншинос равад». Онҳо тафовути байни равоншинос ва духтури бемориҳои руҳиро намедонанд. Мо бо одамони аз ҷиҳати равонӣ солим кор мекунем, ки мехоҳанд зиндагии худро беҳтар кунанд ва хушбахт бошанд. Ба ҳисоби миёна, чунин як сеанси ҳамкасбони ман аз Русия 5-10 ҳазор рубл арзиш дорад. Аммо ҳадафи ман алъон даромад нест, балки шинос ва дӯст кардани ҷамъият бо ин фаҳмиш аст, ки кор рӯи худ муҳиму зарур мебошад, бинобар ин нархи ман комилан рамзӣ аст.
- Дар мавриди бархе аз тамриноти бадан, ки метавон дар танҳоӣ ва бе кумаки мутахассис истифода бурд, нақл мекардед.
— Мо зиёд дар назди экранҳо нишаста, дар чашмон эҳсоси хастагӣ ва дардро мекунем. Ин тамрин ба чашмҳо барои оромишу барқароршавӣ кумак мекунад ва инчунин дар блоки чашм ва ҷароҳатҳои дохилии бо он алоқаманд асар мегирад. Бояд вазъиятеро тасаввур кард, ки шумо намехостед бубинед, ки чӣ рӯй дода истодааст, шояд намехостед, муносибати номақбулро нисбат ба худ ё оилаатон эътироф кунед. Ин тасвирро бо тамоми ҷузъиёт дар пеши назаратон оред ва сипас чашмонатонро то як дарди сабук пӯшонед. Замоне, ки эҳсоси омодагӣ кардед, чашмонатонро ба шиддат боз кунед ва ба худ бигӯед: "Ман диданро интихоб мекунам". Ин корро барои се давра иҷро кунед. Чунин тамрин барои беҳбуди биноӣ мусоидат мекунад.
Саргузашти шахсӣ
- Шуғли худро аз чӣ оғоз кардед?
- 8 сол доштам, ки волидонам филми "Роз"-ро хариданд ва маҳз бо шарофати он бо қудрати фикр ошно шудам. Дар 12-солагӣ барои аввалин бор медитатсияро тамрин кардам. Дар 14-солагӣ дар мавриди ғайрати занона ва чигунагии таъсири вазъияти дарунӣ ба ҳаётро фаҳмидам. Дар синни 18-солагӣ ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудам, вале фаҳмидам, ки ин ҷои ман нест ва ба факултаи равоншиносӣ гузаштам. Албатта, аз сабаби осеби руҳии худ ба равоншиносӣ шавқ пайдо кардам. Падару модарам дар синни 12-солагиам аз ҳам ҷудо шуданд. Модарам бисёр меҳнат мекард ва тамоми кори рӯзмарра бар дӯши ман буд. Ман чунон кӯшиш мекардам, ки дар ҳама чиз комил бошам, то он муҳаббатеро, ки барои худ эҳсос намекардам, ҳис кунам, дар синфҳои 6-7 аз сабаби фишори баланд маро чанд бор аз мактаб бо мошини ёрии таъҷилӣ бурданд. Ва ин танҳо нӯги яхкуҳи обист, ки ман худам бо як равоншинос кор кардаам.
– Чӣ тавр ба омӯзиши тамрини бадан расидед? Чаро маҳз онро интихоб кардед?
- Тасодуф. Ман бисёр роҳнамоиҳоро рӯи худам имтиҳон кардам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ коршиноси равоншиносии баданро дидам. Ибтидо худам аз табобат гузашта, дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои хубро ба даст овардаму баъдан ба омӯзиш шуруъ кардам. Аз натиҷаи он гувоҳномаи давлати Русияро барои пешбурди чунин фаъолият дастрас намудам.
- Дар мавриди шуғли илловгитон нақл мекаардед?
- Акнун дар ҳоли гирифтани дипломи байналмилалии MBA дар соҳаи равоншиносии бадан ҳастам. Ман ҳамчунин яке аз аввалин касоне будам, ки маҳфилҳои занонаро роҳандозӣ кардам. Инҳо чорабиниҳои офлайнӣ мебошанд, ки дар он занон тамринҳои энергетикӣ ва медитатсияро анҷом медиҳанд. Ҳамзамон, як бошгоҳи занона ва блоги худро дар Instagram роҳандозӣ кардаам. Дар блог, ман маълумоти зиёдеро гузошта, ангеза ва эътимод ба худро талқин мекунам. Ба одамон, ба вижа занони зебо, кумак мекунам, то рӯи худашон кор ва сармоягузорӣ кунанд, инчунин натоиҷи олию тағйироти мусбиро ба даст оранд. Дар мавриди ҳаёти шахсиам, ман оиладор ва соҳиби ду гурба ҳастам. Сафар карданро дӯст медорам, наққошӣ мекунам, медитатсия мекунам, бисёр мехонам (адабиёти ҳирфаӣ), медитатсия ва тамринҳои шахсиамро эҷод мекунам.
-Медонем, ки шумо роҳбари бошгоҳи занона ҳастед, бигӯед, ки ин идея чӣ гуна ба саратон омад?
– Тасмим гирифтам маҳфиле аз занони қавӣ ва огоҳ эҷод кунам. Ҳар духтаре бо дархости худ ба бошгоҳ тариқи онлайн ворид мешавад: равобит, умури молӣ, зебоӣ, эътимод. Ман ба мизоҷон донишу тамринҳое медиҳам, ки на танҳо дархостҳоро ҳал мекунанд, балки тафаккуру зиндагии онҳоро ба таври куллӣ тағйир медиҳанд. Ҳар яки онҳо тарафи қавии худро ёфта, истифодаи нуқоти заифро ёд гирифтанд. Ҳадафи аслии ин моҳ ин аст, ки метавон ба ҳар мақсад расид ва ҳамзамон як зани маҳбуб ва ҷазоб боқӣ монд.
- Дар бораи ҳолатҳои ҳаётатон нақл кунед, ки равошиносии бадан ба шумо кумак кардааст?
– Баъд аз тарки Донишгоҳи тиббӣ дучори афсурдагии шадид шудам. Даромад надоштам, аз худам мутанаффир будам, метарсидам, ки иштибоҳ кардам, бо касе иртиботе надоштам, хеле хашмгин будам, зуд-зуд бемор мешудам. Ва як рӯз тасмим гирифтам, ки дигар ранҷ накашам. Тавассути равоншиносии бадан табобатро оғоз кардам. Дар охири моҳи аввал аз ҳолати афсурдагӣ баромадам, каме пул дарёфт кардам, бо шавҳарам шинос шудам ва ҳатто зоҳиран хеле тағйир ёфтам. Ман инчунин баъзе бемориҳои музмини худро аз сар гузаронидаам.
- Оё дар кори худ бо ҳолатҳои манфӣ мувоҷеҳ шудаед?
— Агар дар мавриди муштариён суҳбат кунем, боре ҳодисае рух дод. Он замон муқими Русия будам. Зани тахминан 35-солае, дар ҷараёни суҳбат аз алфози қабеҳ истифода мебурд, вале на нисбати ман, дар маҷмуъ барои ҳаёти шахсиаш. Он замон тоза тамринро оғоз карда будам ва чанд рӯз ҳолати равониамро беҳтар мекардам. Агар дар бораи одамон умуман гап занем, боре ман бо нафрати сахт дучор шудам, ки он то ҳадди имкон беасос буд, ман ҳатто дар бораи он чизе шарҳ надодам. Он шахс танҳо мушкилоти руҳӣ ва худнобоварии бузурги худро рӯи ман рехт. Дар аввал ман пархошгариро аз сар гузарондам, вале баъд аз самими қалб ба ӯ хушбахтӣ орзу кардам.
- Дар мавриди он, ки мардум ба қудрати энергияи бадан эътиқод надоранд, чӣ гуна муносибат доред?
– Бетараф, ҳар кас ҳақ дорад ба он чизе ки мехоҳад бовар кунад. Аммо намеписандам вақте мехоҳанд маро дар мавриди қазоватҳо ва арзишҳоям мутақоид кунанд. Ҳар он чизе, ки ман барои мардум пешниҳод мекунам, бо таҷрибаи худам ва беш аз як бор озмоиш шудааст. Ман ҳама чизро худам месанҷам ва танҳо баъд онро ба кор мебарам.
- Оё қасд доред чизи дигаре мутолиа ва тамрин кунед?
Ман тамоми умр чизҳои ҷадид ёд хоҳам гирифт. Илова ба машғулиятҳое, ки қаблан зикр кардам, қасд дорам дар риштаи ҷинсиятшиносӣ, ҳунардармонӣ, рақсдармонӣ, бисёре аз шеваҳои тамрини нафасӣ, равоншиносии тиҷорат ва ғайраҳоро омӯзам. Ман инчунин мехоҳам ба ҷаҳони йога ва ғизодармонӣ ворид шавам.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед