Ru  | Tj
Сабринаи Назрӣ: Аз мухлисӣ ба Конор то маҳдудиятҳои шавҳардорӣ ва сохтакории аҳли шоу-бизнес
Сабринаи Назрӣ: Аз мухлисӣ ба Конор то маҳдудиятҳои шавҳардорӣ ва сохтакории аҳли шоу-бизнес
Аксҳо: Halva.tj

Сабринаи Назрӣ: Аз мухлисӣ ба Конор то маҳдудиятҳои шавҳардорӣ ва сохтакории аҳли шоу-бизнес

Нашр шуд

Сабринаи Назрӣ яке аз чеҳраҳои машҳури фазои маҷозии Тоҷикистон аст. Ӯ ҳамчун ровӣ ва ҳунарманд бештар дар байни мардум шуҳрат ёфта, имрӯз яке аз блогерони муваффақ ба ҳисоб меравад. Ин инстаблогери машҳури тоҷик дар бораи мушкилоти блогинг дар Тоҷикистон, рекламаҳо тариқи “бартер” сензураҳои оиладорӣ, сохтакории аҳли шоу-бизнес, кор дар “Сафина”, мухлисӣ ба Конор ва тарзи бурдани саҳифа дар Instagram гуфт.

- Нахуст мегуфтед, ки Шумо чӣ гуна ба блогинг омадед ва блогер шудед?

- Дар аввал ман саҳифаи Instagram-ро ҳамчун як саҳифаи шахсӣ кушода будам ва умуман нияту мақсади блогер шудан надоштам ва ҳатто бояд бигӯям, ки он вақтҳо калимаи “блогер” ҳам барои ҷомеаи мо қариб ки, ошно набуд. Баъдан, торафт медидам, ки шумораи обуначиҳоям зиёд мегарданд, смс-паёмакҳои бисёр ворид мешаванд, баъзеҳо ба ҳамкорӣ даъват мекунанд... Яъне, ҳамин тавр, ногаҳонӣ худам чӣ хел ба блогинг омадану блогер шуданамро нафаҳмида мондам. Хушбахтона, имрӯз дар ин фазо ҳастам ва аз ин кору пешаи интихобнамудаам бисёр хурсандам.

- Фазои блогерӣ дар Тоҷикистон барои блогери муваффақ шудан мусоид аст?

- Не. Мусоид набудани фазои Тоҷикистон барои блогери муваффақ шудану дар блогинги ҷаҳонӣ рақобатпазир будан бо далелест, ки мо имкони рақобат кардан бо блогерони хориҷиро надорем, зеро шароитҳо, зеҳният (минталитет), аудитория ва ҳатто суръати интернети мо барои амалӣ намудани мақсадҳои калон созгор нест.

- Хуб, гуфта метавонед, ки дар Тоҷикистон барои блогери муваффақ шудан чӣ лозим аст?

- Мушкилоте, ки дар боло зикр кардем, ҳадди ақал то андозаи бояду шояд роҳи ҳалли худро ёбанд ва чизи муҳимми дигаре ин саҳифаи блогеронро пеш бурдан кори гурӯҳӣ аст, ки дар мо нест. Барои блогерони муваффақ як гурӯҳи корӣ аз менеҷер сар карда, то кастюмеру визажист хизмат мекунанд, ки мутаассифона дар мо чунин нест.

- Маълум аст, ки аз шумо рекламаи бисёр мехаранд, тақрибан дар як моҳ чанд реклама мегиред?

- Аз ман рекламаи зиёд намехаранд. Рекламаҳои зиёд пешниҳод мешавад, вале бисёри онҳо “бартер” мешаванд. “Бартер”, яъне онҳо молу маҳсулоташонро ба инҷониб дастрас мекунанд ва ман бошам дар ивазаш онро реклама мекунам. Бо ҳамин кори мо хотима меёбад ва қариб, ки миёни мо муносибатҳои пулӣ баррасӣ намешаванд.

- Чанде пеш Кумитаи андоз эълон кард, ки блогерон дар бораи фаъолияташон ҳисобот диҳанд ва андоз месупоранд, ин тасмимро Шумо чӣ гуна қабул кардед?

- Чанде пеш аз Кумитаи андоз ба мо даъватнома омада буд. Мо ҳам рафта бо эшон сӯҳбат кардем ва фаҳмондем, ки бештари рекламаҳоро мо намехарему тариқи “бартер” кор мекунем. Минбаъд, агар мо бо ягон ширкат ё корхона ҳамкорӣ кунем ва агар маблағи иловагӣ ба даст оварем, ҳатман аз ин маблағи бадастомада андози давлатро месупорем. Вале то имрӯз ман бо ягон ширкат шартномаи чандмоҳа ё ин ки чандсола надоштаму надорам.

- Ба фикри шумо андоз супоридани блогерон то кадом андоза муҳим аст ва оё блогерони тоҷик, масалан, шумо омодаед, ки андоз супоред?

- Ба фирам, мо то ҳол барои андоз супоридан омода нестем. Ин пеша аз хориҷа ба мо омадааст ва то ҷое, ки маълум аст блогерони дигар кишварҳо чӣ қадаре, ки бо брендҳо ё ширкатҳо ҳамкорӣ кунанд ҳам, андоз намесупоранд. Иловатан, ҳоло блогинг ва фазои блогерӣ дар кишвари мо акнун рушд карда истодаасту рекламаҳои ҳангуфт надорад. Вале бар иловаи ин ҳама, агар қонунгузорӣ андоз супоридани блогеронро талаб кунаду шарту зарур шавад, ман саркашӣ намекунам.

- Мо медонем, ки шумо дар телевизиони Сафина кор мекардед, лутфан кӯтоҳакак қиссаи ба кор даромадану дар он ҷо чӣ гуна фаъолият доштану аз он ҷо баромаданатонро мегуфтед. Чаро ки дар атрофаш овозаҳо гуногунанд?

- Бале, дар телевизиони Сафина ман кор мекардам ва бисёр чизҳои муҳим ҳам он ҷо омӯхтам. Аз фаъолияти дар телевизион кардаам розӣ ҳастам, аз ҳамкоронам ва аз собиқаи корие, ки дар он ҷо доштам ва омӯхтам розиям.

Аз ҷониби дигар бояд бигӯям, ки замоне Зевар Давлатова директори телевизиони “Сафина” интихоб гардиданд, ман он вақт ҳам дар “Сафина” ва ҳам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекардам. Дар ҳамон вақт Зевар Давлатова ба ман шарт гузоштанд, ки ё дар “Сафина” кор кун ва ё дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне дар як ҷо. Ман бошам аз телевизион рафтам. Ман аз он ҷо рафтам ва фикр мекунам кори хуб ҳам кардам, зеро садҳо дари дигар ба рӯям боз шуданд. Бояд бигӯям, ки ману Зевар Давлатова ягон “конфликт” надорем, баръакс вақти дар телевизиони “Сафина” буданам, он кас ба ман маслиҳат доданд, ки барои ман кори дуюмам хуб аст.

- Шумо яке аз фаъоли шабакаи иҷтимоии Instagram маҳсуб мешавед ва то имрӯз 711 ҳазор нафар обуначӣ доред, лутфан бигӯед, ки чаро барои ин миқдор одам ягон “контент”-и алоҳида надоред ё худ рубрикаи муайяне?

- Барои “кантент” ё рубрикаи алоҳида кардан нақшаҳо буданд, вале аз сабаби серкорӣ амалӣ нашуданд. Ба ҳар ҳол, ҳоло метавонам гӯям, ки дар фикри рубрикаи алоҳидае ҳастам ва бо даст додани имконият ҳатман пешниҳоди мардум хоҳам кард.

- Як нафар барои чӣ бояд обуначии саҳифаи Шумо бошад?

- Барои навигариҳои ҳаёти Сабринаи Назриро донистану пайгирӣ кардан.

- Ҳоло ба ҷуз кори блогерӣ ва ровигӣ боз ба кадом корҳо машғулед?

- Ғайр аз кори блогерию ровигӣ боз ҳамчун ҳунарманд дар чандин филмҳо нақш офаридам.

- Ба фикре, ки шахсони шинохта сохтакориву сохтагӯиву сохтагардиҳои зиёд доранд, ба ин шумо розиед?

- Шахсан ман сохтакориро дӯст намедорам. Чӣ гунае, ки дар зиндагӣ ҳастам ҳамон гуна дар кӯчаву дар саҳна мебошам. Умуман дар ҳама ҷо ман худамро як хел нишон медиҳам. Вале баъзе вақт фикр мекунам, ки сохаткорӣ хуб ва зарур аст. Чунки мардум ҳамеша чеҳраи хандонамонро дидан мехоҳанд.

- Ман дар саҳифаи Instagram-матон сурати Конор Макгрегорро дидам, Шумо мухлисаш ҳастед ва барои чӣ?

- Бале, ман мухлиси Конор ҳастам ва инро пинҳон намекунам. Медонед, ӯро дар давлати худаш шавҳари содиқ мегӯянд, ӯ нисбати ҳамсараш бисёр меҳрубон аст ва ҳама гуна садоқату рафоқатро ба вай арзонӣ медорад. Мухлисии ман ҳам ба ин варзишгар аз ҳамин ҷиҳат аст.

- Фикри дар Ютуб кор карданро надоред?

- Не, то ҳол тасмими ҷиддӣ дар мавриди кор дар Ютубро надорам. Вале намедонам аз чӣ бошад, ки барои кор кардан дар он ҷо бисёриҳо ба ман пешниҳод мекунанд. Дар оянда агар ягон лоиҳаи хуб пайдо шавад, шояд канали худро кушоям.

- Шумо ҳоло оиладоред, бигӯед, ки дар фаъолияти шумо пас аз оиладоршавӣ чӣ навгониҳо ба амал омад?

- Навгониҳои ҷиддие рух надод, зеро мо ҳамдигарамонро хуб мефаҳмем.

- Ман дар назар доштам, ки дар корҳои эҷодиятон сензура пайдо нашуд?

- Аз ин ҷиҳат бояд бигӯям, ки агарчи пештар дар филмҳо нақш меофаридам, ҳоло дигар иҷоза надорам. Ва дар умум гӯем, бисёр боэҳтиёт шудам. Вале ногуфта намонад, ки ӯ дар ҳоли ҳозир монанди қабл дар рекламаҳо ва тӯю маъракаҳо баромад мекунам.

- Ба суратҳо, видеоҳо ва баромадҳои шумо дар Instagram шавҳаратон зид нест?

- Тавре дар боло ишора кардам, боэҳтиёт шудам. Яъне, пас аз шавҳар кардан, дигар кӯшиш мекунам, ки дар саҳифаам гулчини аксу наворҳоямро монам, то ки ба иззати нафси шавҳарам нарасанд ва албатта шавҳарам аз ҳамаи чизҳои мондаам бохабар аст.

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Дар оянда нақшаҳо хеле зиёд ҳаст ва дар мақсади амалӣ кардани онҳо ҳастам. Ҳар вақте ки амалӣ шуданд ба Шумо ҳатман хабар медиҳам.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед