Ru  | Tj
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон: “Ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нафъи минтақа аст”
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон: “Ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нафъи минтақа аст”
Аксҳо: Аз муаллиф

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон: “Ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нафъи минтақа аст”

Нашр шуд

Рӯзи 13-уми сентябр дар шаҳри Тошканд Конфронси байналхалқии фарҳангии “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддунҳои дунё” ба кори худ оғоз бахшид. Дар чорчӯби ин чорабинӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамсӯҳбат шудем, ки онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

- Ҷаноби сафир, чорабинии фарҳангиеро, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Имрӯз дар шаҳри Тошканд конфронси байналмилалие доир мегардад, ки дар сатҳи баланд омода карда шудааст. Дар ин конфронси байналмилалӣ мероси фарҳангии Ӯзбекистон ҳамчун роҳ ба сӯи ренессанси нав ва ё эҳёи нав муаррифӣ мегардад. Ҳамзамон эҳёи Ӯзбекистони нав ҳамчун як нуқтаи муҳимми таърихӣ пешниҳод шудааст. Дар инҷо баробари дигар кишварҳою халқҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ як ҳайати бонуфуз иштирок доранд ва онҳо низ шоҳиди он шуда истодаанд, ки чӣ гуна мардуми ӯзбек, Ҳукумати Ӯзбекистон ва хусусан Президенти Ӯзбекистон ба мероси гузаштаи халқашон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Танҳо чопи 50 ҷилд мероси гузашта, ки қисми зиёдашон ҳам ба фарҳанги тоҷикон ва ҳам ба фарҳанги ӯзбекон алоқамандӣ доранд, нишонаи бисёр бузурге барои муаррифии мероси Осиёи Марказӣ ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.


- Шумо дар хусуси китобҳои нашршуда гуфтед. Дар давоми 5 сол зиёда аз 50 номгӯи китоб таҳия шудааст, ки аксари онҳо дар ҳамкорӣ бо донишкадаву музей ва марказҳои таҳлилии кишварҳо омода карда шудаанд. Дар ин росто, мехоҳам бипурсам, ки Академияи милии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти умумиҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва муаррифгари мероси фарҳангии Ӯзбекистон, ки омодасозӣ ва чопи ин китобҳоро анҷом додааст, барои нашри ягон китоби якҷоя дар бораи мероси муштараки фарҳангии Ӯзбекистону Тоҷикистон нияте дорад?

- Бале, чанде қабл барои баррасии масъалаи омодасозии лоиҳаи филми таърихию бадеие, ки дар бораи дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ваАлишер Навоӣ таълиф мешавад, ба Агентии киномотографияи Ӯзбекистон рафта, бо роҳбари он - Фирдавс Фаридунович Абдухолиқов хамсӯҳбат шудам. Дар вохӯрӣ аз марказе, ки ин китобҳоро чоп намудааст, низ, дидан намудам, чун роҳбарии ин чамъиятро ҳам Фирдавс Абдухолиқов ба ӯҳда дорад. Вақте ки дар марказ бо ин китобҳо ошно шудам, яке аз пешниҳодҳои мо аз он иборат буд, ки бо Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ барқарор шавад. Ба ҳамин хотир, имрӯз дар ин чорабинӣ директори Маркази мероси хаттӣ бо бархе кормандонашон ҳузур доранд ва онҳо дар давоми ҳафтае, ки дар инҷо қарор доранд, дар баробари иштирок дар кори конгресс, инчунин аз ин марказ низ дидан мекунанд. 

Ҳамчунин, мо пешниҳод кардем, ки як китоби муштарак дар бораи мероси фарҳангӣ, нигора ва хатҳои қаламие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд ва дар ганҷинаи мероси хаттии Акадимияи миллии илмҳо ҳифз ҳастанд, омода ва чоп намоянд. Имрӯз дар ин ҷо чанд нафар олимоне низ ҳузур доранд ва худ шоҳид ҳастанд, ки ин маводҳо чӣ гуна омода карда шудаанд. Мо мебинем, ки ин мерос на танҳо мероси бародарони ӯзбек, балки мероси фарҳангии мо низ ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, дар бисёре аз ин меросҳо навишта шудааст, ки ин намунаи хати тоҷикӣ-форсӣ аст ва ин намунаи осори форсӣ аст ё ин ки, ба хати форсӣ навишта шудааст. Ин ишораҳо иборат аз он аст, ки қисми зиёди маводе, ки дар ин китобҳо ҷой шудаанд ва намунаи дастхатҳо ба мероси фарҳангии мо низ тааллуқ доранд ва аз ин рӯ, мо метавонем аз он фаровон истифода барем. Бо пешниҳоди мо роҳбарияти Ҷамъияти умумиҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва муаррифгари мероси фарҳангии Ӯзбекистон як нусхаи 50 ҷилдаи онро ба китобхонаи Академияи миллии илмҳо, як нусха ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, як нусха ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва як нусхаи дигар ба Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тақдим мекунанд.


- Имрӯзҳо кишварҳоямон 30-солагии истиқлоли давлатии худро ҷашн мегиранд. (Ҳам Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯзро бо тантана ҷашн гирифтанд.) Дар давоми 30 соли истиқлолияти кишварҳо муносибатҳои фарҳангии байни ду давлат чӣ гуна ривоҷ ёфт ва имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Мо бояд таъкид кунем, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкориҳо оғоз ёфтанд. Дар давраи аввал ин ҳамкориҳо хеле хуб ба роҳ монда шуда буданд, вале баъдан баъзе сардиҳо ин ҳамкориҳоро заъиф сохтанд, ки баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Миромонович Мирзиёев - Президенти имрӯзаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибату робитаҳо хеле густурда гардид. Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом доданд. Дар ин ду сафаре, ки дар як сол баргузор гардид, теъдоди зиёди созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида ва кор оғоз ёфт.

Нахуст, 17 гузаргоҳ барои рафтуомади мардуми тоҷику ӯзбек ба кор оғоз кард ва дар як муддати кӯтоҳ (то саршавии пандемия) қариб 3,5 млн. нафар тоҷикистониён аз шаҳрҳо ва ҷойҳои таърихии Ӯзбекистон ва беш аз 3,5 млн. нафар ӯзбекистониён аз хешу табор ва ҷойҳои таърихии Тоҷикистон дидан карданд.


Ҳамчунин, 10-11-уми июни соли 2021 сафари вижаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуданд. Қобили қайд аст, ки дар доираи ин сафар 35 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Бояд гуфт, ки ин созишномаҳои баимзорасида аз нигоҳи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ аҳамияти бағоят бузург доранд. Дар ин миён, доир ба ҳамкории стратегӣ низ созишномае ба имзо расид, ки он низ аз аҳаммияти муҳимму арзишманд бархӯрдор аст.

Ҳамзамон дар соҳаи фарҳангӣ низ чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд. Имсол дар кохи Борбади шаҳри Душанбе намоиши хеле ҷолиб бо иштироки ҳунармандону эҷодкорони сатҳи баланди ду кишвар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон доир гардид. Ҳамин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ баъдтар дар вилояти Суғд низ доир гардиданд. Ҳамзамон, дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аҳли ҳунари Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тамоми зиёиён ва равшанфикрони кишварамон барномаи консертӣ пешниҳод карданд.

Дар соҳаи гуманитарию илмӣ низ ҳамкориҳо хеле густурда сурат гирифта истодаанд. Дар Конференсияи байналмилалие, ки ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти Ӯзбекистон баргузор гардид, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як зумра олимон иштирок карданд. Имрӯз низ дар ин чорабинӣ яке аз ҳайати бонуфуз аз Тоҷикистон аст. Дар дигар чорабиниҳои фарҳангӣ низ дигар намояндагони Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд. Дар назар аст, ки охири ҳамин моҳ дар радифи Фестивали байналмиллалии кинои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд ва тамоми вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт ва боварии комил дорем, ки филмҳои тоҷикиро, ки онро «Тоҷикфилм» ба навор гирифтааст, бародарони ӯзбекистонӣ низ хуб мепазиранд.


- Ҷаноби сафир, ҳамкории иқтисодии кишварҳо ҳоло дар кадом сатҳ қарор дорад ва оё барои беҳбуд бахшидани ин ҳамкорӣ барномаи ҷадиде ироа гардидааст?

- Аз нигоҳи иқтисодӣ мо бояд ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоратиро то 1 миллиард доллар боло барем. Бо ин мақсад созишномаҳои хеле муҳимми иқтисодӣ ба имзо расиданд. Баъди сафари кории роҳбари давлати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон Президенти Ӯзбекистон Фонди ҳамкориҳои иқтисодиро таъсис дод ва ин фонд имкон медиҳад, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек аз ин маблағ истифода бурда ва корхонаҳои муштаракро бунёд намоянд.

Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамкориҳо байни кишварҳои бародар - Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам дар соҳаи иқтисод ва ҳам дар соҳаи фарҳангу ва ғайра суръати тоза гирифтаанд ва боварӣ дорам, ки ин ҳамкориҳо барои рушди Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат хоҳанд кард.

Mr Slim: Рэпсаро нашаванд, балки бояд рэпсаро таваллуд шаванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед