
Санъат ба унвони илҳом: Назари Баҳром Исматов дар мавриди ҳирфа ва ояндаи эҷодиёташ
Нашр шуд
Дар солҳои охир, раванди қобили таваҷҷуҳ аз алоқа ба санъат, ки дар созмондиҳии намоишгоҳҳои рассомони ҷавону ботаҷриба, шабҳои ҳунарӣ, ҳунари дармонӣ, озмунҳои ҳунарии тиммӣ, инчунин ифтитоҳи фазоҳои ҳунари ҷадид баён шудааст, ба назар мерасад. Мардум бо рӯ овардан ба санъат ба таври фазояндае ба дунболи илҳому зебоӣ ҳастанд. Барои дарки амиқтари ин раванд, тасмим гирифтем, бо яке аз машҳуртарин рассомони муосир, ки осораш на танҳо дар Тоҷикистон, балки фаротар аз марзҳои он ба намоиш гузошта мешавад, суҳбат кунем. Баҳром Исматов 4 декабри соли 1979 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст.
– Қадамҳои аввалини Шумо ба ҷодаи санъат чӣ гуна оғоз ёфтанд? Оё илҳомот ё таҷриботи хосе доштед, ки ба таври қобили таваҷҷуҳ дар ҳирфаи ҳунариатон таъсир гузоштанд?
– Солхои таҳсил ба мунаббати рӯи чӯб алоқаманд ва дар хонаи пионерон аъзои маҳфили кандакорӣ будам. Он замон орзуе дар дил надоштам, ки рассом шавам ё ҳаёти минбаъдаамро ба ин ҳирфа бахшам - танҳо мехостам муаллим шавам. Пас аз соли ҳаштуми таҳсил, замоне, ки ҳамсинфонам ба ҳунаристони рассомӣ дохил шуданд, ман низ ҳамроҳи онҳо ба ин даргоҳи санъат ворид гаштам. Ҳамин тавр фаъолияти ҳирфаии ман ба унвони як рассом комилан тасодуфӣ оғоз шуд. Пас аз хатми колледж ба донишгоҳ дохил шуда, ҳамзамон дар театр фаъолиятамро пеш мебурдам. Ботадриҷ шуруъ ба ширкат дар намоишгоҳҳо кардам ва хеле зуд осорам дар майдонҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳаргиз аввалин намоишгоҳамро дар Осорхонаи миллӣ фаромӯш намекунам, ки дар он манзараи «Пеш аз тӯфон»-ро, ки бо сабки реалистии классикон сохта шуда буд, ба намоиш гузоштам. Он замон аз Шишкин, Айвазовский, Рубенс барин устодон илҳом гирифта будам.
– Фарояндаи холиқоти Шумо чист? Чӣ гуна мавод ва техникаро барои корҳои худ интихоб мекунед?
– Ҳар як идеяе, ки ба зеҳни рассом мерасад, сабк, мавод ва техникаи иҷрои онро дикта мекунад, ки осор расотар бошад. Масалан, ҳар як расм ё силсилаи расмҳо мумкин аст рӯйкарди воқеӣ, абстрактӣ ё сюрреалистӣ дошта бошад. Ман ба як ҷиҳат маътал намешавам, ҳамеша ба дунболи чизи ҷадид ва ҷолиб ҳастам. Ибтидо идеяҳо ва барномаҳое муттавлид мешаванд ва сипас шакли иҷроро таъйин мекунам. Гоҳе дар сояҳои гарм - зард ва норинҷӣ, гоҳе дар сояҳои сард - хокистарӣ ва сабз эҷод мекунам. Ин хеле ба вазъияти дарунии ман бастагӣ надорад, балки ба идея ва вазифае, ки ба худам таъйин кардаам, рабт дорад. Масалан, маҷмуаи корҳои ман дар мавзӯи мусиқӣ ба ду бахш тақсим мешаванд: дар яке аз ранги кабуди осмонӣ ва дар дигараш сурхи баланду бунафш бартарӣ дорад.
– Нақши санъатро дар ҷомеаи муосир чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Имрӯз барои ҳунармандон чӣ мушкилот ва имкониятҳоро мебинед?
– Санъат ҳамеша ниқши муҳиме ифо кардааст, аммо мутаассифона, дар ҳоли ҳозир қадрдонони он ниҳоят каманд. Санъат кумак мекунад, то ҳаёти муосири кишвареро, ки дар он зиндагӣ мекунед, беҳтар фаҳмед. Ман мутаваҷҷеҳи раванди афзоиши алоқа дар байни ҷавонон ҳастам, ки ба тавсеаи интернет ва сафарҳои берун аз кишвар рабт доранд. Рассом бо сабабе, вале бо мақсади муайян асар меофарад. Ҳар осорро бо як ҳадафи хос ва муаммое эҷод мекунад. Масалан, дар асарҳои ман аз ин қабил розҳо ва камбаёнҳо зиёданд. Ман ба бинанда маънои омода намедиҳам, аммо барои тааммул фазое боқӣ мегузорам. Ин як раванди ҷолибу мутақобила аст. Ба асарҳои ман одамони зиёде мароқ зоҳир менамоянд, вале на ҳама маънои аслии онҳоро дарк мекунанду дар ин замина суолҳо низ медиҳанд. Барои фаҳмидани он, бояд каме дарки таҷассумӣ дошта бошед, дар акси ҳол, метавонед аз омӯзиши таърихи санъат аз Эҳё то имрӯз оғоз кунед. Ҳоло дар Тоҷикистон, махсусан дар Душанбе ҳузури мактабҳои рассомӣ, донишкадаҳо, машғулиятҳои ҳунарӣ мушоҳида мешавад. Мушкилот зиёд, аммо имкониятҳои бештаранд. Бо ин ҳол, теъдоди рассомон дар муқоиса бо давраи шӯравӣ ниҳоят каманд. Рушди фановариҳои рақамӣ як мушкилотро пеш меорад. Имрӯз метавон рассомонеро вохӯрд, ки осорашонро бо истифода аз зеҳни сунъӣ эҷод мекунанд. AI-ро пайдо кунед, ки дар корҳои худ зеҳни сунъиро истифода мебаранд. Ба лутфи шабакаҳои маъруфи нейронӣ, ҳар касе метавонад тавассути зеҳни сунъӣ тасвире эҷод кунад, вале лаззати истифодаи мӯқалам ва рангро бо ҳеҷ чизе наметавон ҷойгузин кард. Мушкилоти дигар барои рассомон нарасидани маводи хушсифат аст. Бояд худам онҳоро аз хориҷа биёрам ё аз дӯстон кумак дархост кунам. Мардум фикр мекунанд, ки офаридани расм осон аст. Дар кишварҳои дигар расмҳо арзишҳои бештаре доранд, зеро медонанд, ки ранг, сепоя, чорчӯба, идея ва вақти рассом бебаҳоанд. Сифати ранг бар ҳифзи расм, иҷрои рангубор ва интиқоли таркибӣ таъсиргузор аст. Рассом на танҳо як расм, балки замони сарфшуда барои эҷоди онро ба фурӯш мегузорад.
– Таъсири эҷодиёти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон чӣ гуна мебинед? Оё дар лоиҳаҳо ё ташаббусҳо барои ҳимоят аз санъат ва фарҳанг мушорикат доред?
– Вақте ҳолам хуб аст, на танҳо осори худамро ба намоиш мегузорам, балки намоишгоҳҳои дастачамъона дар осорхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва ҳатто берун аз кишварро баргузор мекунам. Ахиран бо ҳамроҳии як рассоми ӯзбекистонӣ дар Самарқанд намоишгоҳи тоҷикӣ-узбекӣ баргузор намуда, ба Тошканд даъват шудем. Мо лоиҳаҳои зиёд бо шумули намоишгоҳҳо, ҷамъомадҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳо марбут ба ҳаёти фарҳангии кишварамонро пеш мебарем. Осори мо дар намоишгоҳҳо ба намоиш гузошта мешаванд ва мардум аз дидани онҳо таъсири хосе мегиранд. Мо инчунин шогирд дорем ва бо сабки махсуси худ онҳоро омӯзонида, барои интихоби самти фаъолияташон кумак мерасонем, ки ин ҳам омили таъсиргузор ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи расонаҳо боис мешавад, ки кори мо на танҳо барои касони ба намоишгоҳҳо меомада, балки, барои мухотабони дигар низ шинохта ва қобили таваҷҷуҳ гардад. Мо чандин лоиҳаро бо Бунёди Оғохон ба амал баровардем. Аз ҷумла дар Қирғизистон метавон маҷмуи расмҳоеро дид, ки бар асоси нақшу нигори миллии бо таъбири муосир эҷод шудаанд. Дар Бадахшон як силсила осор бо илҳом аз нақшу нигори миллӣ ва расмҳои рӯи сангӣ эҷод кардам. Инчунин ба унвони дастурдиҳанда дар лоиҳаҳое ширкат кардам, ки буҷаи он тавассути Дафтари санъати муосири Швейтсария таъмин шуда буд.
– Дар мавриди равандҳои муосир дар санъат чӣ эҳсосе доред? Оё чизе ҳаст, ки мехоҳед тағйир ё такмил диҳед?
– Ман дар мавриди ҳама ҷиҳатҳо ва равандҳо ором ҳастам. Зиндагӣ собит намемонад, равандҳои ҷадиде зоҳир мешаванду, чизҳое аз байн мераванд, ки ҳамаи ин муваққатӣ аст. Дар солҳои 60-ум инсталлясия ва намоишҳои театрӣ дар авҷи санъати муосир буданд ва бисёриҳо мегуфтанд, ки онҳо ҷойгузини ҳунарҳои зебоӣ ва муҷассамасозӣ хоҳанд шуд. Аммо, тавре, ки мебинем ин иттифоқ наафтод. Дар баъзе мавридҳо ман дар мавриди рӯ овардан ба санъати муосир фикр мекардам, зеро рассом бояд пешрафт кунад. Ҳар чизи ҷадид ҳаққи худро дорад ва мо бояд ҳамеша пеш равем.
– Оё коре, ё лоиҳае вуҷуд дорад, ки мояи ифтихори шумо бошад?
– Мутолиаи осори Густав Климт барои ман қобили таваҷҷуҳ буд, ки ангезае барои эҷоди маҷмуи ҷадиде аз осорам нерӯи наве бахшид. Рассомон, монанди Пикассо ва Ван Гог бо рӯйкарди худ ба ман таъсир гузоштанд. Силсилаи «Роҳ» дорои чандин қисмат бо номҳои мухталиф аст, ки дутоаш дар Тошканд қарор доранд. Ибтидо мавзуъро мушаххас ва баъдан техникаи иҷрои онро муайян мекунам. Сипас ба навиштани асар дар рӯи катон шуруъ мекунам. Тамоми тасвир дар зеҳни ман муттавлид мешаванд ва баъдан онро ба тасвир медарорам.
– Ба рассомони ҷавоне, ки мехоҳанд ҳаёташонро бо рассомӣ пайванданд, чӣ тавсия медиҳед?
– Аз ҳеҷ чиз таслим нашаванд, меҳнатдӯст бошанд. Кореро, ки воқеан дӯст доранд, анҷом диҳанд. Бештар бихонанд, тамошо ва мушоҳида кунанд, ба осорхонаҳо ташриф оранд, то бинишу холиқияти худро тавсеа диҳанд.
– Ояндаи худро ба унвони як рассом ва пешрафти санъатро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?
– Қасд дорам ба интиқоли дониш ва иштирокгузории корам идома диҳам. Барои тавсеаи санъати Тоҷикистон майдонҳо барои рассомон ва эҷодкорон заруранд, ки тавонанд рӯи осори худ кор кунанд, дар мавриди идеяҳо баҳс кунанд, эҷод кунанд, гирди ҳам оянду чорабиниҳо баргузор кунанд. Ҳунармандон театр ва филмсозон хонаи синамо доранд, аммо рассомон аз чунин майдонҳо бархӯрдор нестанд. Мехохам, ки мо чунин минбарҳоро дошта бошем, то дар тавсеаи санъати Точикистон такони тозае бахшанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед