Ru  | Tj
ВКХ: Тоҷикистон ҳама гуна қонуншиканӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро маҳкум менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ВКХ: Тоҷикистон ҳама гуна қонуншиканӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро маҳкум менамояд
Акс: Lenta.ru

ВКХ: Тоҷикистон ҳама гуна қонуншиканӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро маҳкум менамояд

Нашр шуд

Рӯзи 27-уми октябр дар Теҳрон ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо иштироки Федератсияи Русия дар формати 6+1 баргузор гардид.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳангоми суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистонро дар муносибат ба вазъи  Афғонистон иброз дошта, таъкид доштааст, кишварҳои ҳамсоя бояд ҷиҳати барқарории сулҳу осоиштагӣ дар ин кишвар талоши бештар кунанд. 

"Вазъи мураккаби вақтҳои охир дар Афғонистон ба вуқӯъ пайваста на танҳо мушкилоти мардуми афғон маҳсуб меёбад, балки он ба яке аз проблемаҳои шадиди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст",- шарҳ дод вазир ҳангоми баромад дар ҷаласа.

Ба иловаи манбаъ, вазир таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ҳама гуна қонуншиканӣ, куштор, ғоратгарӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро маҳкум менамояд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки Тоҷикистон дар ин рӯзҳои душвор нисбат ба тақдири Афғонистон, ки тамоми мардуми афғон дар остонаи фалокати башардӯстона қарор доранд, бетафовут буда наметавонад.

Дар ҷаласа вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вазъ дар вилояти Панҷшер, инчунин аз набудани асосҳои демократӣ, поймол гардидани ҳуқуқи инсон, алалхусус ҳуқуқи занон изҳори нигаронӣ намуд.

"Тоҷикистон ҳамеша аз ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки тамоми нерӯҳои иҷтимоӣ ва этносиёсии кишвар ҷонибдорӣ мекард", - илова намуд Муҳриддин ҳангоми баромади худ.

Ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ бо роҳи музокирот дар ин кишвар ҳарчӣ зудтар чораҳои фаврӣ андешанд.

Ба тахмини СММ, дар аввали соли 2022 беш аз 90%-и афғонҳо метавонанд зери хатари фақр қарор гиранд.
Моҳи сентябр дар конфронси Женева ҷомеаи ҷаҳонӣ муваззаф гардид, ки ҷиҳати кӯмак ба афғонҳо беш аз 1 млрд доллар ҷудо кунад. Сеяки ин маблағ бояд барои таъмини аҳолии Афғонистон бо ғизо сарф шавад. 

Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон вазъи Афғонистонро ба баррасӣ кашид



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед