Ru  | Tj
103 ҳазор оилаҳо кӯмак гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

103 ҳазор оилаҳо кӯмак гирифтанд

103 ҳазор оилаҳо кӯмак гирифтанд

Нашр шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи коллегияи Вазорат, оиди расонидани кӯмаки моли ба ниёзмандон шарҳ дод.

Дар рафти ҷаласа муовини вазир Шодихон Джамшед аз рафти иҷрои қарори ҳукумат оид ба "давомдиҳи ва ҷорӣ намудани механизми таҳқиқотии бевосита кӯмакрасонидан ба шаҳрвандон оилаҳои камбизоат" гузориш кард.

То 1 июли 2020 дар 40 шаҳру ноҳияҳо ин иқдом гузаронида шуда, 103 ҳазор оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Инчунин қишрҳои дар боло зикршуда аз тарафи Бонки ҷаҳонии рушд низ кӯмак хоҳанд гирифт.

Дар ним соли аввали 2020 16 миллион сомонӣ пардохт карда шудааст. Ба ятимон бошад ҳар моҳ ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Дар умум ба зиёда аз 470 ҳазор оилаҳои камбизоат дар давоми 6 сол ба маблағи 138 090 100 сомонӣ кӯмак расонида шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед