Ru  | Tj
1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" аз ИМА ба Тоҷикистон ворид гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" аз ИМА ба Тоҷикистон ворид гардид
Акс: Gustavo Fring, Pexels

1,5 миллион воя ваксинаи "Модерна" аз ИМА ба Тоҷикистон ворид гардид

Нашр шуд


Ваксинаи "Модерна" истеҳсоли ширкати "Модерна Инк"-и ИМА буда, ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, тибқи нақша вояҳои мазкур ба вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои мамлакат ирсол гардида, пас аз дастрас намудани онҳо маъракаи ваксинатсия оғоз мешавад. Бо ин миқдор воя 750 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ваксина хоҳанд гирифт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон нақша дорад, ки 62,4% ва ё 5,8 миллион шаҳрвандони синнашон аз 18 сола болои кишварро бо ваксина фаро гирад.

Дар маросими қабули вояҳои ваксинаи макзур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар платформаҳои мавҷуда ба Ҳукумати ИМА тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе ҷиҳати дастгирӣ дар фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия муроҷиат карда буд.

Ниқоб, дастпӯшак, доруворӣ: Шоҳи Саудӣ ба Тоҷикистон маводи тиббӣ фиристод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед