Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
1 миллиард доллари басташудаи Афғонистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ба масраф бароварда мешавад
Нашр шуд
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки барои кӯмакҳои хориҷӣ ба Афғонистон дар умури башардӯстона 1 миллиард доллари блокшударо озод мекунад.
Бонки Ҷаҳонӣ дирӯз (панҷшанбе, 3-уми март) эълом кард, ки аз пулҳои Афғонистон, ки пас аз суқути ҳукумати пешин ҷамъ шуда буд, 1 миллиард долларро озод мекунад.
Ба гуфтаи бонк, ин 1 миллиард доллар бояд барои маориф, кишоварзӣ, беҳдошт ва оилаҳо тавассути ниҳодҳои мухталифи СММ дар Афғонистон масраф шавад.
Гуфта мешавад, ки боқимонда пулҳо низ озод хоҳанд шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед