Ru  | Tj
1-уми декабр - Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

1-уми декабр - Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО
Акс: аз Интернет

1-уми декабр - Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО

Нашр шуд

1-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) аст. Ин рӯз ҳамчун ёдоварӣ аз зарурати боздоштани паҳншавии ҷаҳонии эпидемияи ВНМО ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи ин беморӣ хидмат мекунад.

Вируси норасоии масунияти одам яке аз бемориҳои хавфнок ва марговар барои инсоният маҳсуб мешавад. Ин беморӣ аввалин маротиба соли 1981 дар ИМА ошкор шудааст.

Мувофиқи нишондоди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, вируси норасоии масунияти бадан дар 177 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) як навъ бемории шадиди сироятӣ буда, ангезандааш ретровирусҳои махсус мебошанд ва ба системаи масуният ва асабҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Дар натиҷа организми бемор ба таъсири дигар касалиҳои сироятӣ хеле ҳассос мегардад.  

Бемории вируси норасоии масунияти танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамйизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО-и Тоҷикистон аз соли 1991 то 30 сентябри соли 2022 дар ин марказ 14 ҳазору 800 нафар беморони гирифтори ин вирус ба қайд гирифта шудаанд. Гуфта мешавад, аз ин миён 4 ҳазору 115 нафар ҳалок шудаанд. Бештар аз ҳама мардон гирифтори беморӣ буда, 9 ҳазору 433 нафарро ташкил медиҳанд. Занон бошад 5 ҳазору 367 мебошанд. Инчунин, 1 803 нафар беморонро кӯдакони то 18-сола ташкил медиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон расман 10 ҳазору 685 нафар гирифтори ВНМО сабтином шуда, 9 ҳазору 338 нафари онҳо бо табобат фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин ба гуфтаи ин манбаъ дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 808 ҳолати нави гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудаааст.

Дар баробари ин зикр мешавад, ки дар Тоҷикистон табобати ин беморӣ комилан ройгон буда, маводҳои доруворӣ ҳамеша дастрас аст.

Гуфтанист, дар ҷаҳони имрӯз ВНМО ба яке аз мушкилоти глобалии соҳаи тандурустӣ дар саросари дунё табдил ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ, аз соли 1981 то моҳи июли соли ҷорӣ аз ин беморӣ дар ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар фавтиданд.

То ибтидои соли равон дар ҷаҳон 38,4 миллион нафар гирифторони ВНМО зиндагӣ мекарданд, ки аз се ду ҳиссаи онро сокинони кишварҳои африқоӣ ташкил медиҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед