Ru  | Tj
20 толибилми шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии Анталия иштирок мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

20 толибилми шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии Анталия иштирок мекунанд
Акс: Интернет

20 толибилми шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи байналмилалии Анталия иштирок мекунанд

Нашр шуд

Олимпиадаи мазкур аз рӯи фанҳои математика, физика, география ва забони англисӣ аз 1 то 7-уми ноябр идома меёбад. 

20 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021» дар шаҳри Анталияи Туркия қарор доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст. 

Гуфта мешавад, ки 20 нафар хонандагони литсей моҳи сентябр ба даври финалии озмун роҳхат гирифтаанд. 
Дар  олимпиадаи «International olympiad Antaliya 2021»  беш аз 2000 иштирокчӣ аз  27 давлат иштирок  менамоянд. 

Соли гузашта низ 20 нафар хонандагони литсейи мазкур дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, соҳиби 14 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ гардида буданд. 

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии дониш 13 сол инҷониб ҳамасола аз тарафи Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмиллалии ЭДУАНТ баргузор шуда, яке аз озмунҳои бонуфузтарин  миёни хонандагон ба шумор меравад. Соли 2020 бинобар хуруҷи пандемияи COVID — 19 озмун ба шакли фосилавӣ баргузор гардида буд.


Футболбозони ҷавони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед