Ru  | Tj
20 ҳазор муҳоҷирони тоҷик ба Русия даъват шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

20 ҳазор муҳоҷирони тоҷик ба Русия даъват шуданд
Расм аз "Ритм Евразии"

20 ҳазор муҳоҷирони тоҷик ба Русия даъват шуданд

Нашр шуд

Муовини вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ хабар дод, ки Русия барои ҷалби 20 ҳазор муҳоҷирони тоҷик дархост равон кардааст. 

Инчунин, Риа Новости бо истинод ба муовини вазири меҳнат мегӯяд, ки танҳо ба вилояти Краснодарск 10 ҳазор нафар барои сохтмон ва барои шаҳри Москва 1500 барои хоҷагии коммуналӣ лозиманд. Дар дигар минтақаҳо бошад аз рӯи самтҳои ресандагӣ, бофандагӣ, хурокворӣ ва ғ. дархост шудааст. Аммо оиди санаи фиристодани муҳоҷирон ҳанӯз чизе гуфт аншудааст.

Гуруҳи аввали муҳоҷирони тоҷик ба Русия иборат аз 171 нафар ба шаҳри Иркутск барои кор сафар намуданд.

Роспотребнадзори Русия ҳолати коронавируси Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед