Ru  | Tj
22 ҳазор сар ҳайвону парандаи нодир. Президент дар Ҳисор мамнӯъгоҳ ифтитоҳ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

22 ҳазор сар ҳайвону парандаи нодир. Президент дар Ҳисор мамнӯъгоҳ ифтитоҳ кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 ҳазор сар ҳайвону парандаи нодир. Президент дар Ҳисор мамнӯъгоҳ ифтитоҳ кард

Нашр шуд

Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои нодир ба фаъолият оғоз намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар шаҳри Ҳисор дар маросими ифтитоҳи мамнӯъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои нодир, ки аз сӯи ширкати “Қуллаҳои тоҷик” бунёд гардидааст, иштирок намуд.

Ин мамнӯъгоҳ зиёда аз 4000 гектар масоҳат дошта, қисми зиёди онро кӯҳсор ва заминҳои талу теппа ташкил медиҳад ва ҳадаф аз таъсиси он беҳтарсозии ҳифзи муҳити зист ва вазъи экологии минтақа мебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар мамнӯъгоҳи ҳудуди 22 ҳазор сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуданд, ки бархеи онҳоро аз Русия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо овардаанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди ин мамнӯъгоҳ барои насл гирифтан аз парандаҳо бинои инкубатсионии муосир сохта шуда, чаҳор ҳавзи моҳипарварӣ низ ба баҳрабардорӣ расидаанд, ки дар онҳо беш аз 43 ҳазор моҳии навъҳои гуногун парвариш меёбанд.

Дар ин баробар, ба хотири зиёд намудани саршумори чорвои нодир дар ин мамнӯъгоҳ парвариши оҳуи бухороӣ ва холдор васеъ ба роҳ монда шуда, инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» оварда шудаанд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин кормандони ширкати “Қуллаи тоҷик” дар ҳудуди ин мамнӯъгоҳ дар нишебиҳои кӯҳ ва минтақаҳои душворгузар, зиёда аз 400 000 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулҳо шинонида шудаанд.

Бояд гуфт, ин тарзи таъсиси мамнӯъгоҳ аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон таҷриба мешавад. То имрӯз дар кишвар чаҳор мамнӯъгоҳи давлатӣ – “Бешаи палангон”, “Ромит”, “Даштиҷум” ва “Зоркӯл” фаъолият менамуданд.

Коршиносон борҳо гуфтаанд, ки сайёҳии экологӣ яке аз зарфиятҳои аслии истифоданашудаи рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон аст.


Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед