Ru  | Tj
23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Русия таҳсил мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Русия  таҳсил мекунанд
Акс: Интернет

23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Русия таҳсил мекунанд

Нашр шуд

Котиби аввали Сафорати Русия дар Тоҷикистон Игор Бурулко зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки аз байни 23 ҳазор донишҷӯёни тоҷики, ки дар ҳудуди Русия таҳсил мекунанд, 14 ҳазори онҳо аз ҳисоби буҷаи давлатии ин кишвар маълумоти олӣ мегиранд.

Бино ба иттилои "Eadaily.com", дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон дархост ба гирифтани маълумоти олӣ дар филиалҳои донишкадаҳои олии Русия дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёд шудааст.

Таъкид мегардад, ки айни ҳол дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон 8 ҳазор донишҷӯ ба таълим фаро гирифта шуда, таҳсили сеяки онҳо аз ҳисоби буҷети давлатии Русия маблағгузорӣ карда мешавад.

Зимнан, Бурулко дар нишасти матбуотӣ қайд намудааст, ки минбаъд низ Русия ҷиҳати гирифтани таҳсили ройгони русӣ  ба аҳолии Тоҷикистон кӯмак менамояд ва ба тавсеаи имкониятҳо идома медиҳад.

Гуфта мешавад, намояндаи Русия боварӣ дорад, ки бо ба эътидол омадани парвозҳои мунтазам ин робитаҳо боз ҳам фаъолтар хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки аввалҳои моҳи декабри соли 2021 дар шаҳри Маскав бо мақсади ба роҳ мондани системаи мубодилаи донишҷӯёни Тоҷикистону Русия форуми калони ҷавонон баргузор гардида буд.


Миҷгонаву Моҳрӯ, Сомону Далер. Даҳ варзишгари беҳтарини солро интихоб карданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед