Ru  | Tj
24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Акс: аз Интернет

24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон аз соли 2009 бад-ин сӯ 24-уми ноябр ба унвони Рӯзи парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Сӣ сол муқаддам, яъне 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ қонун «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул карданд.

Ҳамин тариқ, 24-уми ноябри соли 1992 Тоҷикистони соҳибистиқлол расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ — Парчами давлатӣ шуд. Дар ин замина соли 2009 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуда, 24-уми ноябр ба унвони Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Бояд гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар ва рахи сафеди байн бошад якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед ва дар байни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ бо ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Гуфта мешавад, ки рангҳои сурху сабзу сафед дар парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниёни мардуми тоҷик маншаъ мегиранд. Яъне ин рангҳо ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, талошҳои ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар буда, тоҷ ва ҳафт ситора таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон аст.

Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳҳои расмӣ — Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар насб карда мешавад.

Инчунин барои беэҳтиромӣ ва таҳқири Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тиқби қонун ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам қомат афрохт, ки пояи он 165 метр баландӣ дошта, он ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед