Ru  | Tj
30 адад автобуси тамғаи «AKIA» дар Душанбе ба гардиш дароварда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

30 адад автобуси тамғаи «AKIA» дар Душанбе ба гардиш дароварда мешавад
Акс: Sputnik

30 адад автобуси тамғаи «AKIA» дар Душанбе ба гардиш дароварда мешавад

Нашр шуд

Тибқи гуфтаҳои масъулини мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе соли гузашта мутобиқи шартнома 10 автобуси дуошёна ва 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» харидорӣ гардида, барои хидматрасонӣ вориди сайрхатҳои шаҳрӣ шуданд.

Ҳоло муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода мегӯяд, ки 30 адад автобуси дигар низ дар ширкати мазкур банду баст гардида, барои истифодабарӣ омода мешаванд.

Гарчанде гардиши автобусҳо ва электробусҳо дар шаҳри Душанбе бештар шудааст, вале гоҳ-гоҳ шаҳрвандон аз дер расидан ва ё камбудии хадамоти нақлиётӣ шикоят доранд.

Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, ки барои беҳтару осон шудани зиндагии пойтахтнишинон тавваҷуҳ доранд ва ин иқдом низ барои рафъи чолишҳои нақлиётӣ пешбинӣ шудааст.


Ба мошинҳои мусофиркаш аз минтақаҳо вориди Душанбе шудан манъ аст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед