Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди муноқишаҳои сарҳадӣ омодаи гуфтушуниди мусолиматомезанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди муноқишаҳои сарҳадӣ омодаи гуфтушуниди мусолиматомезанд
Акс: Интернет

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди муноқишаҳои сарҳадӣ омодаи гуфтушуниди мусолиматомезанд

Нашр шуд

30-уми апрели соли 2021 дар гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Кизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ. Ташиев баргузор гардид.

Дар ин мулоқот масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду кишвар ба миён гузошта шуд.

Ба иттилои АМИТ “Ховар” ҷонибҳо аз соати 13:00-и 30-уми апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати шаҳрвандонро таъмин кунанд.

Бояд гуфт, ки барои иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед