Ru  | Tj
40 нафар мубтало ва 42 нафар шифоёфта: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

40 нафар мубтало ва 42 нафар шифоёфта: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон
Расм аз Khovar.tj

40 нафар мубтало ва 42 нафар шифоёфта: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Аз рӯи маълумотҳои эълон намудаи ҳаррузаи Вазорати тандурустӣ рӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ боз 40 нафар мубтало шуда, теъдоди умумии сироятшудагонро ба 11496 нафар расондан.

Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ шумораи шифоёфтагон нисбат ба мубатлоён рӯ ба афзоиш ниҳодаст. 42 нафар рӯзи 12 ноябр ва дар маҷмуъ 10 853 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб шудаанд.

Аз ҳолатҳои фавт дар ду рӯзи охир маълумоте пайдо нашудааст ва 84 бетағйир мондааст.

Инчунин ҳолати гирифтории мубтало шавӣ дар Федератсияи Русия авҷ гирифта истодааст ва ба хусус ҳукуматдорони шаҳри Москва ба қароре омаданд, ки як қатор маҳдудиятҳоро то 15 январи соли оянда аз нав ҷори намоянд. Ҳамаи хонандагони мактаб ба таътил ва донишҷӯён ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд. Аз 13 ноябри соли 2020 то 15 январи 2021 ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишиву дилхуши манъ карда мешванд. Ресторану клубҳо аз соати 23:00 то 6 саҳар баста мешванд.

Пешниҳоди таҳсил ба донишҷӯёни тоҷик то барқарор шудани парвозҳо

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед