Ru  | Tj
43,5 милён долар пули Гулнора Каримова барои коҳиши маргу мири модару кӯдак дар Узбекистон сарф мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

43,5 милён долар пули Гулнора Каримова барои коҳиши маргу мири модару кӯдак дар Узбекистон сарф мешавад
Акс: trend.az

43,5 милён долар пули Гулнора Каримова барои коҳиши маргу мири модару кӯдак дар Узбекистон сарф мешавад

Нашр шуд

43,5 милён долар маблағи мусодирашуда аз Гулнора Каримова, духтари калонии раисҷумҳури нахустини Узбекистон барои пуштибонӣ аз барномаи СММ барои коҳиши маргу мири модару навзод дар Узбакистон масраф мешавад. Дар ин бора Бунёди “Uzbekistan Vision 2030” хабар дод.

Барнома аз ҷониби се ниҳоди СММ – ЮНИСЕФ, ЮНФПА ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муштарак амалӣ карда мешавад. Барномаи мазкур барои 30 моҳ дар саросари Узбекистон 600 ҳазор нафар зан ва кӯдаки навзодро фаро мегирад. Яке аз ҳадафҳои асосии ин барнома баланд бардоштани сатҳи зинда мондани кӯдакони камвазн аз 75 то 90 дарсад мебошад.

Бояд гуфт, ки Бунёди “Uzbekistan Vision 2030” барои баргардонидани дороиҳое, ки дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулнора Каримова баргардонида шудааст ва ё хоҳанд буд, таъсис шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар моҳи майи соли 2020 Фаронса дороиҳои Гулнора Каримоваро ба маблағи 10 милён доллар ба Узбекистон баргардонд. Ҳамчунин моҳи сентябри ҳамон сол Суис (Швейтсария) бо Узбекистон дар бораи баргардонидани 131 милён долар пули Каримова қарордод ба имзо расонд ва дар моҳи феврали соли 2022 Фаронса боз 10 милён долари дигар аз пулҳои Гулнораро ба Узбекистон баргардонд.

Он замон Узбекистон ва Суис дар бораи таъсиси як бунёди бисёрҷонибаи СММ ба мувофиқа расида буданд, ки ба он дороиҳои Гулнора Каримова ва шарикони ӯ интиқол мешавад.

Дар оянда тасмим гирифта шудааст, ки ин маблағҳо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла аз байн бурдани бенавоӣ ва гуруснагӣ, таҳсилоти босифат, баробарии гендерӣ, оби покиза ва беҳдошт, кори шоиста, рушди иқтисодӣ ва ғайра истифода шавад.

Вазорати адлияи Узбекистон моҳи сентябри соли 2022 хабар дод, ки ҳаҷми умумии дороиҳои ҷиноии духтари калонии раисҷумҳури нахустини Узбекистон дар хориҷа қариб 1,3 милярд долар арзёбӣ мешавад.

Гуфтанист, моҳи марти соли 2020 дар чаҳорчӯби парвандаи сеюми ҷиноӣ, ки дар он Гулнора Каримова дар ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешуд, номбурда ба 13 соли маҳбас маҳкум шуд. Дар айни замон духтари калонии раисҷумҳури нахустини Узбекистон дар маҳбаси наздикии шаҳри Тошканд адои ҷазо мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед