Ru  | Tj
47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд
Акс: "Ховар"

47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд

Нашр шуд

Гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Тоҷикистон асри рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба ин кишвар бозгардонида шуд. Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Ҷумҳурии арабии Сурия 47 нафар зану кӯдаки тоҷик ба ватан баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ки 47 нафар узви 13 хонавода буда, дар миён 15 зан, 17 духтар ва 15 писар ҳастанд, ки тавассути ҳавопаймои вижа аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе афроди баргардонидаро Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, Фирдавс Ҳаётзода, муовини якуми роҳбари дафтари раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату ниҳодҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми солҳои 2019-2023 дар се марҳила беш аз 300 нафар зану кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Гуфтанист, ки таҷрибаи Тоҷикистон дар заминаи баргардондани шаҳрвандони ин кишвар аз минтақаҳои ҷангзада ва кор бо онҳо ҳамчун таҷрибаи мусбат шинохта шудааст.

Занону кӯдакони баргардондашуда пас аз анҷоми корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоъӣ ба муҳити оила баргардонда мешаванд.

Ёдоварӣ мекунем, ки иқдоми мазкур давоми мантиқии ташаббусҳо дар самти ба Тоҷикистон баргардонидани занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада маҳсуб мешавад. Аз соли 2019 то соли 2023 дар маҷмуъ 334 кас дар чаҳорчӯби ин иқдом ба ватан омада, ба тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоъӣ фаро гирифта шуда, дар ҷомеа зиндагии осоишта доранд.

Қобили зикр аст, афроди баргардонидашуда асосан занону кӯдаконе ҳастанд, ки шавҳаронашон дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ кушта ё асир шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед