Ru  | Tj
4 гол нарасид: Тоҷикистон имконияти гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022-ро аз даст дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

4 гол нарасид: Тоҷикистон имконияти гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022-ро аз даст дод
Акс: ФФТ

4 гол нарасид: Тоҷикистон имконияти гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022-ро аз даст дод

Нашр шуд

Дар Осиё даври дуввуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба анҷом расид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо сабаби нарасидани 4 гол дар даври дуввуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 имконияти гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022-ро аз даст дод.

Барои гирифтани роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар даври сеюми интихобии ҶҶ-2022 12 даста бозиро идома медиҳанд.

Мунтахаби Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Аморати муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ дар дастаи худ беҳтарин эътироф гардида, ба даври навбатии интихобӣ роҳ ёфтанд.

Ғайр аз ин, дастаи мунтахаби кишварҳои Умон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон, дар даври дуввуми интихобӣ ҷойи дуюмро ишғол намуданд ва ба марҳалаи интихобии 3-юми ҶҶ-2022 роҳ ёфтанд.

Ба шарҳи манбаъ, холҳои Тоҷикистону Лубнон бо ҳам баробар буданд, аммо ҷиҳати фарқияти голҳо лубнониҳо ба марҳалаи дигар гузаштанд.

Бояд гуфт, ки дар байни дастаҳои ҷойи дуюм ишғолкарда, Тоҷикистон дар мақоми шашум қарор гирифта буд.

Манбаъ афзуд, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи феврали соли 2022 дар даври гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2023 баромад хоҳад кард.



Душанбе: Дар ниммарафони СҲШ шаҳрвандони Ӯзбекистон ғолиб омаданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед