Ru  | Tj
4 миллион сомонӣ ҷарима барои нақзи қонунгузории замин

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

4 миллион сомонӣ ҷарима барои нақзи қонунгузории замин
Акс: аз манбаъҳои боз

4 миллион сомонӣ ҷарима барои нақзи қонунгузории замин

Нашр шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории замин ошкор шудааст.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон аз фаъолияти ин ниҳод дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд.

Ориф Хоҷазода, раҳбари ин ниҳод зимни суханронии хеш гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 7330 ҳолати нақзи қонунгузории замин ошкор шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар робита ба 6634 ҳолати қонунвайронкунӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи наздики 4 млн сомонӣ қарори ҷаримабандӣ қабул шуда, аз он ҳудуди 3 млн сомонӣ (74%) ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.

Дар баробари ин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 656 мавод ба мақомоти додситонӣ ва 378 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид. Дар ин робита таъкид мешавад, ки аз ин миён 5188 ҳолати нақзи қонунгузории замин (70%) дар маҳал бартараф карда шудааст.
 
Гуфта мешавад, ки ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон 197348 адад расида,  майдони 5087748 гектар замин дар ихтиёр доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед