Ru  | Tj
50 000 сомонӣ ҷарима ва ё ҳукми зиндон барои фиреби муҳоҷирон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

50 000 сомонӣ ҷарима ва ё ҳукми зиндон барои фиреби муҳоҷирон
Акс: Интернет

50 000 сомонӣ ҷарима ва ё ҳукми зиндон барои фиреби муҳоҷирон

Нашр шуд

Бо фиреби чиптафурӯши қаллоб муҳоҷиронро аз Красноярск гардонданд.

Оҷонсии зидди фасод аз боздошти Минбоева Саодат Иззатовна иттилоъ медиҳад, ки бо пешниҳоди даъватномаҳои қалбакӣ барои табобат даст зада, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, ҷиноят содир кардааст.

"Чунончӣ, номбурда шаҳрванд “Н” –ро бовар мекунонад, ки бо дастрас намудани даъватнома барои табобат ворид шудани ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳудуди Федератсияи Русия таъмин менамояд ва бар ивази ҳар як даъватнома дар ҳаҷми 4000 сомонӣ маблағ гирифтааст", - илова менамояд манбаъ.

Ба шарҳи Оҷонсии зидди фасод, Минбоева Саодат аз шаҳрвандони мазкур барои дастрас намудани чипта дар маҷмӯъ ба миқдори 16000 сомонӣ маблағ гирифтааст.

Аммо дар майдони ҳавоии шаҳри Красноярски Федератсияи Русия дар рафти санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян гардидааст, ки даъватномаҳо барои табобат сохтакорона омода карда шуда, дар ин асос номбурдагон ба Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.

Оҷонсии зидди фасод вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Минбоева Саодат бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Ин моддаҳои қонуни ҷиноии кишвар қаллобӣ ва сохтакорӣ унвон дошта, дар сурати таъйиди гуноҳ боздоштшударо беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 2 то 5 соли ҳукми ҳабс интизор аст.



Барои муҳоҷирон биржаи меҳнатӣ ташкил карда шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед