Ru  | Tj
6 тилло ва 4 нуқра. Варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ 10 медал гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

6 тилло ва 4 нуқра. Варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ 10 медал гирифтанд
Акс: Интернет

6 тилло ва 4 нуқра. Варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ 10 медал гирифтанд

Нашр шуд

Варзишгарони тоҷик дар рӯзҳои аввали нахустин Бозиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Қазон сазовори даҳ медал шуданд.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар панҷ рӯзи аввали нахустин Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил варзишгарони тоҷик 6 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Гуфта мешавад, варзишгарони тоҷик дар риштаи кураши тоторӣ 3, дар гуштии юнонӣ – римӣ 2, дар гуштии озод 2, дар риштаи бокс 1 ва дар гуштии камарбандӣ 2 медал ба даст овардаанд.

Манбаъ афзудааст, ки дар ин мусобиқот 51 варзишгари тоҷик ширкат доранд ва аз рӯи 11 намуди варзишӣ вориди майдон мешаванд.

Нахустин Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 2 сентябр дар Қазони Русия оғоз гардида буд ва то 11 сентябр идома меёбад. Дар ин мусобиқот беш аз 1000 варзишгар аз 9 кишвари узви ИДМ қувваозмоӣ мекунанд.

 



Варзишгарони наврас дар Қаҳрамонии Осиё оид ба бокс 9 медал ба даст оварданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед