Ru  | Tj
7 миллиард тонна. Тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон афзоиш ëфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

7 миллиард тонна. Тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон афзоиш ëфтааст
Акс: Интернет

7 миллиард тонна. Тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Хатлон афзоиш ëфтааст

Нашр шуд

Дар нуҳ моҳи аввали имсол дар Хатлон беш аз ҳафт миллиард тонна маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст.

Дар ин бора шаҳрдории Бохтар иттилоъ додаву афзудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли қаблӣ ба 6 млрду 7млну 332 ҳазор баробар буд.

Манбаъ афзудааст, ки барои рушди иқтисоди вилояти Хатлон 1 млрду 704 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар Хатлон давоми нуҳ моҳи имсол баробар ба 15 ,4 млрд. сомонӣ будааст.

Бояд гуфт, ки саноатикунонӣ ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон эълом шудааст.

Қаблан Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо гуфта буд, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 78 корхонаи нави саноатӣ ба баҳрабардорӣ расидааст.

Вай гуфта буд, ки дар пайи рушди бахши саноат дар шаш моҳи аввали имсол Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и номиналии Тоҷикистон ба 39,9 млрд сомонӣ расида, афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил додааст.




Дар Душанбе Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед