Ru  | Tj
95 миллион сомонӣ қарзҳои сокинони Душанбе аз барқ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

95 миллион сомонӣ қарзҳои сокинони Душанбе аз барқ

95 миллион сомонӣ қарзҳои сокинони Душанбе аз барқ

Нашр шуд

Сокинони шаҳри Душанбе  дар ҳоли ҳозир 95 миллион сомонӣ аз қувваи барқ қарздор мебошанд, ки 70 фоизи онҳо аз манзилҳои зист бармеояд.

Ниёзи сокинони пойтахт ба қувваи барқ сол аз сол меафзояд аз сабаби афзоиши аҳолӣ ва бунёди биноҳҳои зисту марказҳои гуногун. Дар соли 2020 2 миллиарду 300 миллион Квт/с ро ташкил дод, ки ин ба78 миллион Квт/с зиёд аз соли 2019 мебошад.

Як миллиарду 400 миллион киловат соат аз ин барқи масрафшуда дар маркази барқу гармидиҳии пойтахти Тоҷикистон истеҳсол шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки қарзи холдинги энергетикии “Барқи тоҷик” беш аз 2,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар кишвар Ситоди давлатии махсус ташкил карда шудааст, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бо мардум корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида ҳолатҳои дуздии барқро ошкор менамоянд.

Маҳдудиятҳои барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед