Ru  | Tj
9 кушта ва 2800 захмӣ бар асари таркиши пейжерҳо дар Лубнон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

9 кушта ва 2800 захмӣ бар асари таркиши пейжерҳо дар Лубнон
Акс: аз манбаъҳои боз

9 кушта ва 2800 захмӣ бар асари таркиши пейжерҳо дар Лубнон

Нашр шуд

Вазири тандурустии Лубнон аз кушта шудани дастикам 9 шаҳрванди ин кишвар дар инфиҷори пейжерҳо ва захмӣ шудани 2800 нафар хабар дод ва афзуд, ки вазъи 200 тан аз захмиён сангин эълом шудааст.

Бар асоси гузориши хабаргузории Тасним, бар асари таркиш дар васоили мухобиротӣ дар Лубнон садҳо нафар захмӣ шудаанд.
 
Ин манобеъ эълом карданд, ки инфиҷор дар манотиқи мухталифи Лубнон ҳамзамон ва гоҳе пай дар пай рух додааст.

Ин манобеъ афзудаанд, ки таркишҳои дастгоҳҳои иртиботӣ ба далели рахнаи ҳакерии ин дастгоҳҳо рух додааст.

Шабакаи Ал-Манор, ниҳоди расонаии Ҳизбуллоҳ эълом кард, ки дар пайи инфиҷори дастгоҳҳои пейжерӣ даҳҳо лубнонӣ захмӣ шудаанд.

Вазорати тандурустии Лубнон эълом кард, ки аз бемористонҳо дархост шудааст, ки дар ҳолати омодабош бошанд.

Вазорат афзуд, ки ҳамаи шаҳрвандоне, ки дастгоҳҳои пейжер доранд, бояд фавран онҳоро партоянд.

Салиби Сурхи Лубнон эълом кард, ки беш аз 30 мошини ёрии таъҷилӣ ба ҷойҳое, ки таркишҳои сершумор рух додааст, аз ҷумла дар Бекаа ва канори ҷанубии Бейрут фиристода шудаанд.

Салиби Сурхи Лубнон афзуд, ки барои кумак ба осебдидагон 50 мошини ёрии таъҷилии дигар ва 300 коршиноси умури изтирорӣ сафарбар шудаанд.

Тасвирҳои издиҳом дар баъзе бемористонҳои Бейрут нашр шудааст. Наҷиб Миқотӣ, нахуствазири Лубнон, хостори муолиҷаи фаврии осебдидагон шудааст.

Як манбаи амниятии наздик ба Ҳизбуллоҳ ба Франс Пресс гуфтааст, ки Исроил дар силсилаи таркишҳои дастгоҳҳои иртиботӣ ва пейжерҳои нерӯҳои Ҳизбуллоҳ даст дорад.

Артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст, ки "баҳодиҳии вазъӣ"-и ҳодисаи рухдодаро анҷом додаанд ва бар асоси он "дастурҳои дифоӣ" тағйир нахоҳанд ёфт.

Хабаргузории миллии Лубнон ин инфиҷорҳоро "амали бесобиқаи душманона" тавсиф кард, ки дар канораҳои ҷанубии Бейрут ва манотиқи мухталифи дигар бо истифода аз "технологияи пешрафта" сурат гирифт.

Вазорати тандурустии Лубнон аз ҳамаи одамоне, ки дастгоҳҳои иртиботии "пейжер" доранд, дархост кардааст, ки онҳоро фавран партоянд.

Сафорати Эрон дар Лубнон дар шабакаи иҷтимоии X навиштааст, ки сафир "ҷароҳати сабук гирифтааст".

Бархе аз расонаҳои эронии наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон низ навиштаанд, ки Амонӣ аз даст ва рӯяш захмӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед