Ru  | Tj
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион густариш меëбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион густариш меëбанд
Акс: ASIA-plus

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион густариш меëбанд

Нашр шуд

Нуриддин Саид ва Сафири Туркия дар Душанбе рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи телевизиону радиоро баррасӣ карданд.

Кумитаи телевизион ва радио аз мулоқоти раиси ин ниҳод бо Эмре Зекӣ Карагëл хабар дод, ки дар он тарафҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Душанбеву Истанбул дар соҳаи телевизиону радиоро муҳокима кардаанд.

Дар ин дидор, ки 2-юми ноябр дар Душанбе баргузор шуд, масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, омодасозии мутахассисон барои телевизион ва радио, баргузор намудани ҳамоишҳои соҳавии муштарак ва такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтанд.

Манбаъ афзудааст, ки Сафири Туркия таъкид доштааст, ки кишвараш ба густариши равобит дар бахши телевизион ва радио бо Тоҷикистон омода ва алоқаманд аст.

Миëни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизон ва радиои Туркия ҳанӯз моҳи декабри соли 2012 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Бояд гуфт, ки филму сериалҳо ва шабакаҳои телевизионии Туркия миëни сокинони Тоҷикистон маҳбубияти зиëд доранд.

Оғози бунёди панҷ мактаб ва имзои беш аз 20 санади ҳамкорӣ. Ҷузъиёти сафари Путин нашр шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед