Ru  | Tj
«Андалеб-2021» ҷамъбаст гардид: Ҳунармандони Панҷакент соҳиби Шоҳҷоизаи фестивал гардиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

 «Андалеб-2021» ҷамъбаст гардид: Ҳунармандони Панҷакент соҳиби Шоҳҷоизаи фестивал гардиданд
Акс: SugdNews

«Андалеб-2021» ҷамъбаст гардид: Ҳунармандони Панҷакент соҳиби Шоҳҷоизаи фестивал гардиданд

Нашр шуд

Дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок намуд.

15-уми август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун Шоҳҷоизаи фестивалро ҳунармандони шаҳри Панҷакент ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ Ховар хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ ҷойи якум насиби ҳунармандони ноҳияи Восеъ, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Ҳисор, ҷойи дуюм аз ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ёвон ва ҷойи сеюм насиби ҳунармандони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Тоҷикобод, Рашт ва Муъминобод гардид.

Бояд гуфт, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» аз 3 то 13-уми август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор гардид.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки фестивали мазкур ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.




Ҷоми Президенти Тоҷикистон ба Русияву Ӯзбекистон рафт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед