Ru  | Tj
«Ғаюр Гурӯҳ» ба зарардидагони низоъҳои наздисарҳадӣ кумак кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Ғаюр Гурӯҳ» ба зарардидагони низоъҳои наздисарҳадӣ кумак кард
Акс: АМИТ "Ховар"

«Ғаюр Гурӯҳ» ба зарардидагони низоъҳои наздисарҳадӣ кумак кард

Нашр шуд

Раҳбари "Ғаюр Гурӯҳ" ба оилаҳои аскарону афсароне, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ ҷон бохта буданд, ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ кумак кард.

Ба гузориши "Ховар", Муассис ва Раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ ва захмишудагону оилаҳои ҷонбохтагон дасти кумак дароз кард.

Гуфта мешавад, ин соҳибкор ба ҳар як оилаи афсару аскари фавтида 10 ҳазор сомонӣ, ба афсарону аскарони захмигашта 5 ҳазор сомонӣ, ба оилаҳое, ки аъзои онҳо дар  ҳимояи Ватан ҳалок гардидаанд,  5 ҳазор сомонӣ кумаки пулӣ расонидааст.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин, Акбар Асадулло барои навсозии биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ба Исфара хароб шудаанд, 100 тонна семент ҷудо намудааст.
Ин соҳибкор дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтааст: "Имрӯз вақти дар амал собит кардани ватандӯстии мо расидааст".

Лозим ба зикр аст, ки дирӯз аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ба оилаҳои зарардида аз низоъҳои марзӣ кумакҳои моддӣ иборат аз маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, 1500 метри мураббаъ фанер ва гипсокартон, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар расонида шуда буд.

Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” аз  тавлидкунандагон ва содироткунандаи асосии семент дар Тоҷикистон аст.


Аз тахтаву семент то орду шакар. Кумаки Президент ба Исфараву Ғафуров расид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед