Ru  | Tj
«Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» барои беҳтарин шиноварони мардон ва занон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» барои беҳтарин шиноварони мардон ва занон
Акс: Интернет

«Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» барои беҳтарин шиноварони мардон ва занон

Нашр шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми июн дар бинои “Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ” мусобиқаи кушоди вазишӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур ҳам занон ва ҳам мардон имкони иштирок карданро доранд.

Тибқи иттилои Оҷонсии миллии иттилоотии “Ховар”, дар маҷмӯъ 26 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Душанбе дар мусобиқа ширкат меварзанд.

Мусобиқа дар ду марҳила-аввал миёни варзишгарони касбӣ ва баъдан байни кормандони вазорату кумитаҳо гузаронда мешавад.

Муовини раиси шаҳри Душанбе, Мавсума Муинӣ мақсади асосии ташкил намудани мусобиқаи мазкурро ба таври зайл шарҳ додааст: “Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ташвиқ, тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши шиноварӣ дар кишвар ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”.

Ба шарҳи манбаъ, дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибонро туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» интизор аст.



Беҳтарин ҳамлагар дар таърихи тими мунтахаби футболи Тоҷикистонро эълом карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед