Ru  | Tj
"Ҷуғрофиëи таърихии Шоҳнома". Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Ҷуғрофиëи таърихии Шоҳнома".  Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
Акс: Интернет

"Ҷуғрофиëи таърихии Шоҳнома". Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад

Нашр шуд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни як конфронси байналмилалӣ заминаҳои таърихӣ ва иҷтимоиву сиëсии таълифи "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ баррасӣ мешавад.

Ба иттилои Академияи миллии илмҳо, дар конфронси байналмилалии "Ҷуғрофиëи таърихӣ ва фарҳангии "Шоҳнома", ки рӯзҳои 11-12-уми октябр дар Душанбе мегузарад, ширкати олимони маъруфи шарқшинос, адабиëтшиносону сиëсатшиносони маъруфи Тоҷикистону кишварҳои хориҷ дар назар дошта шудааст.

Манбаъ меафзояд, дар конфронс мавзуъҳои нақши "Шоҳнома" дар ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ-форсӣ, Тоҷикистон дар ҷуғрофиëи "Шоҳнома", пойдории ҷойномҳои "Шоҳнома" дар афкори иҷтимоӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр дар "Шоҳнома" ва чандин мавзӯи дигар баҳсу муҳокима мешавад.

Бояд гуфт, ки Абулқосими Фирдавсӣ аз бузургтарин шоирони адабиëти форсу тоҷик аст ва асари безаволи ӯ "Шоҳнома" аз гаронбаҳотарин ганҷинаҳои адабиëти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед