Ru  | Tj
Ағбар: Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ҳукумати Толибонро эътироф намекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ағбар: Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ҳукумати Толибонро эътироф намекунанд
Акс: ASIA-Plus

Ағбар: Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ҳукумати Толибонро эътироф намекунанд

Нашр шуд

Сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, ки ҳамаи 67 намояндагии дипломатии Афғонистон дар кишварҳои ҷаҳон ҳукумати Толибон* (* созмони мамнуъ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) - ро эътироф намекунанд.

Ба гузориши Halva, Муҳаммад Зоҳир Ағбар, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон 8-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо интиқод аз амалкардҳои Толибон* гуфт, ки ягон намояндагиҳи дипломатии кишвараш ҳукумати таъсисдодаи ин гурӯҳро эътироф нахоҳад кард.

Ағбар бо зикри ин матлаб гуфт, ки ӯ айни замон дар Тоҷикистон муовиини Раиси ҷумҳурии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро намояндагӣ мекунад.

Ин дипломати афғон ҳамчунин таъкид дошт, ки муқовимат дар Панҷшер идома ва тавсеа хоҳад ёфт ва ба наздикӣ раҳбарони сиёсии Афғонистон бо шумули маршал Дӯстум он ҷо ҷамъ меоянд ва як Шӯрои бузурге барои ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовиматии миллии Афғонистон ташкил медиҳанд.

Сафири

“Лаббайк” ба даъвати Масъуд. Мардуми Афғонистон алайҳи Толибон ба қиёми миллӣ бархестанд

Афғонистон ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз наслкушии Толибон* гуфт, ки онҳо дар Панҷшер занону кӯдакону пиронсолонро аз хонаҳошон берун кардаву тирборон карданд.

Вай дар ин баробар аз дахолати Покистон ба умури дохилии Афғонистон интиқод кард ва сафари ахири раиси Хадамоти истихборотии ин кишварро намунаи ошкори дахолат номид.

Шаби якшанбеи 5-уми сентябр Толибон* (* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) пас аз он ки аз замин Панҷшерро шикаст дода натавонистанд, бо чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақа ҳуҷум оварданд ва дар пайи он пешрав шуданд.

Ҷабҳаи муқовимат ин чархболҳоро ба кишвари Покистон мутааллиқ донист ва ҳатто чанд аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки панҷшериён як чархболи артиши Покистонро суқут додаанд.

Пас аз ин 6 сентябр Толибон* эълон карданд, ки Панҷшер ҳам таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст ва рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистонро эълон карданд.

Аммо Ҷабҳаи муқовимат борҳо эълом намуд, ки Панҷшер суқут накардаву мубориза идома дорад ва онҳо ҳукумати Толибон* -ро ба ҳеҷ ваҷҳе эътироф намекунанду хостори як ҳукумати фарогир ҳастанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед