Ru  | Tj
Ҳақиқатҳои насри сад соли ахир. Китоби нави Шераки Ориëн ба нашр расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳақиқатҳои насри сад соли ахир. Китоби нави Шераки Ориëн ба нашр расид
Фото: Фараж

Ҳақиқатҳои насри сад соли ахир. Китоби нави Шераки Ориëн ба нашр расид

Нашр шуд

"Ҳақиқатҳои ширини ширин ва талхи талхи насри сад соли ахири тоҷикон" номи китоби нави адиби маъруфи тоҷик аст, ки ба наздикӣ дар Душанбе аз чоп баромад.

Ба гузориши Halva.tj, дар ин китоб саргузашти насри навину офарандагони он аз нигоҳ ва зовияи дигар ба қалам омадааст ва муаллиф бархе аз ҷанбаҳои ногуфта ва номакшуфи онро барои хонанда боз кардааст.

Аз ин китоб хонанда бо паҳлуҳои норӯшани ҳаëт ва осори адибони маъруфе чун Фитрат, Садриддин Айнӣ, Ғанӣ ва Рашид Абдулло, Алӣ Хуш, Раҳим Ҳошим, Улуғзода, Пирумқул Сатторӣ, Сайф Раҳимзод, Шамсия ва дигарон ошно мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки як боби ин китоби арзишманд фоҷиаҳои дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари қаламкашони тоҷик омадаро дар бар мегирад.

Шераки Ориëн яке аз тахаллусҳои адабии нависандаи маъруф Абдурофеъ Рабизода аст. Рабизода муаллифи беш аз сад китоб буда, бештари навиштаҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд.


Нашри китоби шоири ҷавон аз сӯи Фарҳангистони шеъри ҷаҳон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед