Ru  | Tj
Аҳмад Масъуд ба кишварҳои ҷаҳон: Ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Толибон бесамар аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аҳмад Масъуд ба кишварҳои ҷаҳон:  Ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Толибон бесамар аст
Акс: etilaatroz.com

Аҳмад Масъуд ба кишварҳои ҷаҳон: Ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Толибон бесамар аст

Нашр шуд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як паём ба муносибати соли нави хуршедӣ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гуфтааст, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо Толибон* бесамар аст.

Тибқи иттилои пойгоҳи  etilaatroz.com,  Аҳмад Масъуд дар ин паёми худ мегӯяд, ки равобити Покистон ва Толибон «беҳтарин намуна» барои исботи иддаъояш аст.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки пас аз ҳукмронии Толибон дар Афғонистон ҳамлаҳои гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла Толибони покистонӣ* дар қаламрави ин кишвар афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи Покистон, Толибони покистонӣ дар Афғонистон фаъол ҳастанд.

Масъуд дар паёми худ меафзояд, ки солҳои пеш ба мақомоти покистонӣ гуфта буд, ки стратегияи заиф кардани Афғонистон тавассути гурӯҳҳои ниёбатӣ мисли Толибон метавонад барои Покистон пирӯзии тактикӣ оварад, аммо дар дарозмуддат «бешубҳа стратегияи ноком аст».

«Буҳрони сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Покистон дуруст нишон медиҳад, ки кишварҳои дигар бояд аз бархӯрди худ бо Толибон огоҳ бошанд», - гуфт Масъуд.

Раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ҳама гуна ҳамкориҳо бо Толибон аз ҷониби ҳар кишвар бар хилофи арзишҳоест, ки кишварҳо онҳоро ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандони худ медонанд.

Вай меафзояд, ҳуқуқ ва арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда, аз қабили озодӣ, таҳсилот ва баробарӣ бояд ҳуқуқи бунёдии мардуми Афғонистон арзёбӣ шаванд.

Масъуд мегӯяд, ки кишварҳо дар равобити худ бо Толибон бояд бидонанд, ки тахриби ин арзишҳо барои мардуми Афғонистон қобили қабул нест.

Дар ҳамин ҳол вай дар паёмаш меафзояд, бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳо далели ҳамкорӣ бо Толибонро «набудани ҷойгузине ба ивази ин гурӯҳ» ном мебаранд.

Ба гуфтаи вай, ин кишварҳо ва ниҳодҳо бояд бидонанд, ки раванди сиёсӣ бар асоси раъйи мардум метавонад ҷойгузини Толибон ва вазъи кунунӣ бошад. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ки ин ҷабҳа ҳамеша бар асоси ҳамин усул гуфтушунидро пешниҳод кардааст.

Бояд гуфт, бо вуҷуди он ки то кунун ҳеч кишвари ҷаҳон ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият нашинохтааст, аммо бархе кишварҳо, аз ҷумла Покистон, Эрон, Русия ва Чин сафоратҳои Афғонистонро дар ихтиёри дипломатҳои Толибон қарор додаанд.

 

*Фаъолияти ин созмонҳо дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед