Ru  | Tj
Аҳмад Масъуд: “Толибон аз мо таслим шудан ва итоат карданро мехоҳанд ва мо ҷуз муқовимат роҳи дигаре надорем”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аҳмад Масъуд: “Толибон аз мо таслим шудан ва итоат карданро мехоҳанд ва мо ҷуз муқовимат роҳи дигаре надорем”
Акс: Интернет

Аҳмад Масъуд: “Толибон аз мо таслим шудан ва итоат карданро мехоҳанд ва мо ҷуз муқовимат роҳи дигаре надорем”

Нашр шуд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар паёми наврӯзии худ гуфта, ки бо Толибон* бо шеваҳои мухталиф гуфтугӯ кардааст. Ба гуфтаи ӯ Толибон дар бораи ду мавзӯъ: таслим шудан ва байъат кардан бо ӯ гуфтугӯ кардаанд.

Аҳмад Масъуд гуфта, ки Толибон хоҳони гӯш кардани роҳҳои ҳалли асосӣ барои Афғонистон нестанд ва мушкилоти Афғонистонро ба таври бунёдӣ ҳал кардан мехоҳанд, ки мутаассифона имконнопазир аст.

"Афғонистон ба ҳукумате ниёз дорад, ки бар иродаи мардуми Афғонистон асос ёфта бошад ва қонунияти худро аз мардум бигирад, на аз берун” – гуфтааст Аҳмад Масъуд.

Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд Толибон аз онҳо хостаанд, ки таслим шаванд ва итоат кунанд. Вале ӯ мегӯяд, ки барои дифоъ аз арзишҳои миллӣ ҳеҷ роҳе ҷуз давоми муқовимат бар зидди Толибон намондааст.

Толибон барои баргардонидани раҳбарон ва чеҳраҳои сиёсӣ ба кишвар як комиссияи вижа таъсис додаанд ва мегӯянд, ки ин комиссия будубоши онҳоро кафолат медиҳад.

Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, чеҳраҳои саршиноси ҳукумати пешини Афғонистон то ҳол дар Кобул таҳти назорати шадиди Толибон қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ гуфта, ки ин ҷабҳа бо он чи ки ишғол ва зулм аст, меҷангад ва ба ҳифзи тамомияти арзии Афғонистон бовар дорад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Оҷонсии назорати маводи нашъаовар барои таҳким бахшидани марз бо Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаби кӯмаки молиявӣ ва техникӣ шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед