Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ҳаҷми интиқолоти пул ба Узбекистон дар 9 моҳ аз 11 миллиард доллар гузашт
Нашр шуд
Аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои фаромарзӣ ба Узбекистон ба 11,62 миллиард доллар расид, ки нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 34,8 дарсад зиёд аст.
Дар ин бора рӯзи 31 октябр Мамаризо Нурмуродов, раиси Бонки марказии Узбекистон эълон кард, хабар медиҳад Uzdaily.uz.
Зикр мешавад, ки ҳаҷми бештари интиқоли пул ба Узбекистон дар моҳи июл ба қайд гирифта шуд, ки ба ин кишвар 1,78 миллиард доллар ворид шудааст.
Ба гуфтаи Нурмуродов, интиқол аз Русия 35% афзоиш ёфта, ба 8,75 миллиард доллар расидааст.
Қобили зикр аст, ки Русия ҳамоно мизбони аслии муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон боқӣ мондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбекистон, айни замон дар Русия 1 миллион нафар муҳоҷирони убекистонӣ кор мекунанд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед