Ru  | Tj
Ҳаҷми муомилоти мол миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соли гузашта 914, 9 миллион долларро ташкил додааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соли гузашта 914, 9 миллион долларро ташкил додааст
Акс: SNG.Today

Ҳаҷми муомилоти мол миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соли гузашта 914, 9 миллион долларро ташкил додааст

Нашр шуд

Аз миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Қазоқистон унвон шудааст.

Тавре "Caliber.Az" иттилоъ медиҳад, Тоҷикистон баъд аз ду кишвари узви ИДМ - Русия ва Ӯзбекистон дар рӯйхати калонтарин шарикони тиҷоратии Қазоқистон дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Қайд гардидааст, ки тибқи натоиҷи 10 моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Қазоқистон ва кишварҳои ИДМ 26,1 миллиард долларро ташкил дода, 29,3 дарсад (дар ҳамин давраи соли гузашта 20,2 миллиард доллар) афзоишро нишон медиҳад.

Ҳамин тавр, тибқи давраи ҳисоботӣ ҳаҷми табодули мол байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 914,9 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 43,1 дарсад бештар аст.

Гуфта мешавад, ки содироти ашё 638,2 миллион долларро (соли гузашта 560,5 миллион доллар) ташкил дода, воридот ба 276,7 миллион доллар (соли гузашта 78,4 миллион доллар) баробар шудааст.

Бояд гуфт, ки кишвари мо ба Қазоқистон асосан маъданҳо ва консентратҳо, сабзавоту мева ва хушкмева содир менамояд ва аз ин давлат ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ, металҳои сиёҳ, ғалла, орд ва равғани растанӣ ворид карда мешаванд.


Намояндаи Русия: Нишондиҳандаҳои омории муомилоти молии Душанбеву Маскав бояд ба миллирад бирасад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед