Ru  | Tj
Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии имтиёзнок ба Тоҷикистон афзоиш ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии имтиёзнок ба Тоҷикистон афзоиш ёфт
Акс: oilrossa.ru

Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии имтиёзнок ба Тоҷикистон афзоиш ёфт

Нашр шуд

Тоҷикистон ва Русия ахиран дар мавриди афзоиши интиқоли маҳсулоти нафтии имтиёзнок барои соли 2023 ба тавофуқ расидаанд.

Гуфта мешавад, ки ин санад миёни вазоратҳои энергетикаи ду кишвар дар Маскав имзо шудааст. Тибқи ин тавофуқнома, ҳаҷми интиқоли бензини автомобилӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба бозори Тоҷикистон дар соли 2023-ум нисбат ба соли ҷорӣ афзудааст. Аммо дар ин хабар гуфта нашудааст, воридоти маҳсулоти нафтии Русия дар соли оянда чӣ қадар афзоиш хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2013 миқдори муайяни маҳсулоти нафтӣ аз Русияро бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ ворид мекунад.

Гуфтанист, ҳаҷми мувофиқашудаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия барои соли 2022, 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла Тоҷикистон метавонад ба таври имтиёзнок 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯхти ҳавопаймо, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ ворид намояд.

Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маҳсулоти нафтии мавриди ниёзи худро аз Русия ворид мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед