Ru  | Tj
Ҳаҷми зарари сел дар ноҳияи Тоҷикобод эълон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаҷми зарари сел дар ноҳияи Тоҷикобод эълон шуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Ҳаҷми зарари сел дар ноҳияи Тоҷикобод эълон шуд

Нашр шуд

Шаби 6 ноябр дар деҳаи Миразиёни ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод дар натиҷаи боришоти шадид ва рахна шудани пиряхҳо сел омад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бар асари офати табиӣ, оби гилолуд ба моликияти сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Миразиёни ноҳияи Тоҷикобод хисорот ворид кард. Аз ҷумла, гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон муайян кард, ки дар ин минтақа сел ба 28 хонавода зарар расонид.

Дар умум аз сел 2 бинои истиқоматӣ пурра, ду хона, 12 иншооти ёрирасон ва 12 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон қисман осеб диданд.

Инчунин, 750 метр хатти интиқоли об, 6 пули байни деҳаҳо, 214 сар чорвои хурд ва 22 сар чорвои калон осеб диданд.

Дар ҳоли ҳозир, комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми хисороти расидаро арзёбӣ мекунад. Хушбахтона, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз сӯи дигар, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 6 ноябр дар ҳудуди деҳаи Миразиёни ноҳияи Тоҷикобод бар асари сел 2 километр роҳ, 5 иншооти ёрирасон ва 4 пули мошингард (аз 6 то 10 метр) дар роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ осеб диданд. Таъкид мешавад, ки яке аз пулҳои ин минтақа дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед