Ru  | Tj
Аҳолии Тоҷикистон бо суръат афзоиш меёбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аҳолии Тоҷикистон бо суръат афзоиш меёбад
Акс: аз манбаъҳои боз

Аҳолии Тоҷикистон бо суръат афзоиш меёбад

Нашр шуд

Агентии омори Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар шумораи таваллуд зиёд шуда, фавти мардум коҳиш ёфтааст.

Дар шаш моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон бақайдгирии таваллуд дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии омори Тоҷикистон эълон шуд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода раҳбари ин ниҳод дар ин замина гуфт, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиши таваллуд мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 3,8 дарсад, дар вилояти Суғд 6,5 дарсад, дар ноҳияҳои тобеи марказ 9,8 дарсад ва дар шаҳри Душанбе 11,6 дарсадро ташкил дод.

Аз сӯи дигар Агентии омор гуфт, ки сабти ҳолатҳои фавт дар Тоҷикистон тӯли 6 моҳи имсол нисбат ба соли гузашта 1,6% коҳиш ёфтааст.

Дар баробари ин таъкид мешавад, ки афзоиши табиии аҳолӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсадро ташкил дод.

Бояд гуфт, тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли равон дар ин кишвар 112 515 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 303 нафар зиёд мебошад.
 
Тибқи омори расмӣ, дар соли 2023 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2 дарсад афзоиш ёфта, ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба 10 миллиону 277,1 ҳазор нафар расид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед