Ru  | Tj
Аҳолии Узбакистон баъди 5 сол ба 40 милюн нафар мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аҳолии Узбакистон баъди 5 сол ба 40 милюн нафар мерасад
Акс: azertag.az

Аҳолии Узбакистон баъди 5 сол ба 40 милюн нафар мерасад

Нашр шуд

Тибқи пешгӯиҳо, шумораи аҳолии Узбакистон дар се даҳсолаи наздик босуръат афзоиш ёфта, ба эҳтимоли зиёд то соли 2028 ба 40 милюн нафар хоҳад расид.

Тавре ки вебгоҳи nuz.uz иттилоъ медиҳад, масъалаи рушди демографии Узбакистон ахиран дар як ҳамоиш дар Тошканд бо ҳузури масъулини Ожонси омори Узбакистон ва Хазинаи нуфуси СММ баррасӣ шудааcт.

Дар ин нишаст зикр шудааст, ки тибқи пешгӯӣ шумораи аҳолии Узбакистон дар се даҳсолаи наздик босуръат афзоиш ёфта, ба эҳтимоли зиёд то соли 2028 ба 40 милюн нафар ва то соли 2050 аз марзи 50 миллион нафар убур хоҳад кард.

Ба гуфтаи Зоҳидҷон Зиёев, муовини раҳбари Ожонси омори Узбакистон афзоиши табиии солонаи аҳолии ин кишвар 760 ҳазор нафар аст.

Номбурда таъкид кардааст, ки Узбакистон аз рӯйи мизони таваллуд дар миёни кишварҳои ИДМ дар мақоми аввал қарор дошта, 57 дарсади аҳолӣ қобили заҳмат, 32 дарсад ҷавонтар аз синни қобили заҳмат ва 11 дарсад бошад пиронсолон ҳастанд. Гуфта мешавад, ки ҳамасола ба бозори кори Узбакистон ба ҳисоби миёна беш аз 600 ҳазор нафар шомил мешавад. 

Дар ин ҳамоиш коршиносон инчунин натиҷаҳои пажӯҳиш дар мавриди омилҳои афзоиши таваллуд дар Узбакистонро зикр намудаанд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, беҳбуди вазъи молии хонаводаҳои фарзанддор ва афзоиши умумии эътимоди мардум ба оянда аз омилҳои аслии афзоиши мизони таваллуд пас аз соли 2017 дар ин кишвар арзёбӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед