Ru  | Tj
Ҷаҳон ба аҳдофи гузошта дар бахши об наздик нашудаст: Хулосаҳои конфронси Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаҳон ба аҳдофи гузошта дар бахши об наздик нашудаст: Хулосаҳои конфронси Душанбе
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҷаҳон ба аҳдофи гузошта дар бахши об наздик нашудаст: Хулосаҳои конфронси Душанбе

Нашр шуд

Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафи шашуми рушди устувор дар масъалаи об, ки то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, наздик нашудааст.

Ин нигаронӣ дар эъломияи ҷамъбастии Конфронси III байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2024-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр шудааст.

Дар матни эъломия, ки дар вебсайти конфронс нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ширкаткунандагон бо нигаронӣ таъкид мекунанд, ки бо суръати кунунии пешрафт, ҷаҳон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ то соли 2030 наздик нашудааст.

Дар идома гуфта мешавад, ки ин ба некӯаҳволии мардум ва ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Илова бар ин, ба гуфтаи ширкаткунандагони конфронс, барои расидан ба ҳадафҳо “шаш баробар афзоиш додани суръати кунунии ҷаҳонии пешрафт дар соҳаи оби нӯшокӣ, панҷ баробар дар бахши беҳдошт ва 3 баробар афзоиш талошҳо дар заминаи тозагиро тақозо мекунад”.

Дар эъломия зикр мешавад, ки об барои ноил шудан ба ҳама ҳадафҳои рушди устувор муҳим аст, зеро об, экосистема, энергетика, саломатӣ, амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани ғизо бо ҳам алоқаманд ҳастанд. Гуфта мешавад, ки об ва беҳдошт барои рушди инсон, аз ҷумла дурнамои гендерӣ ва аз байн бурдани фақру гуруснагӣ муҳим аст.

Ҳамзамон иштирокчиёни конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз дабири кулли СММ, Антониу Гутерриш даъват карданд, ки намояндаи вижа дар масъалаҳои об таъйин карда шавад.

Бояд гуфт, ҳадафҳои рушди устувор аз ҷониби СММ интишор шуда, аз ҷониби ҳамаи кишварҳо қабул шудааст. Ҳадафи шашум дар ин миён таъмини дастрасӣ ва идораи захираҳои об, инчунин беҳдошт барои ҳама мебошад.

Гуфтанист, рӯзи 12 июн дар шаҳри Душанбе Конфронси III-юми байналмилалии сатҳи даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2024-2028», ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии СММ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, кори худро ба анҷом расонд.

Дар он зиёда аз 2,5 ҳазор нафар намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ - раҳбарони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Дар рафти конфронс ҳамоиш, ҷашнвора ва намоишгоҳҳои гуногун бо муаррифии захираҳои об ва зарфиятҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед