Ru  | Tj
Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо соҳиби медали нуқра гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо соҳиби медали нуқра гардид
Акс: Интернет

Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо соҳиби медали нуқра гардид

Нашр шуд

Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни калонсолон сазовори мақоми дувум ва медали тилло гардид.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод, ки Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни калонсолон, ки рӯзҳои 7-8-уми август дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор гардид, сазовори медали нуқра шуд.

Ин паҳлавони тоҷик дар вазни 90 кг ба майдон баромада, дар даври аввал Ёқубҷон Назирови тоҷик, дар даври ҷорякниҳоӣ Эмил Қурбонови рус ва дар даври нимниҳоӣ варзишгари дигари кишвари мизбон Адам Утсиевро шикаст дод.

Маҷидовро дар даври ниҳоӣ ва сабқат барои нишони тилло паҳлавони рус Мирзо Шикориев мағлуб кард.

Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни калонсолон рӯзҳои 7-8-уми август дар шаҳри Оренбурги Русия бо иштироки 197 варзишгар аз 14 кишвари дунё баргузор шуд.

Дар ин сабқат 8 варзишгари тоҷик Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Маҳмудҷон Раҳимов (-73кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Амирҷони Насимҷон (-90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) иштирок намуданд. Аз миёни онҳо Алиҷон Сафаралиев ва Амирҷони Насимҷон ҷойи ҳафтумро сазовор гардиданд.



Амрико якум, Чин дуюм ва Русия панҷум. Бозиҳои олимпӣ дар Токио анҷом ёфтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед