Ru  | Tj
Қаҳҳорзода ва Сафири Саудӣ раванди иҷрои тарҳҳои сармоягузориро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қаҳҳорзода ва Сафири Саудӣ раванди иҷрои тарҳҳои сармоягузориро баррасӣ карданд
Акс: Главные новости Таджикистана

Қаҳҳорзода ва Сафири Саудӣ раванди иҷрои тарҳҳои сармоягузориро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Тоҷикистон бо Сафири тозамансуби Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.  

Ба иттилои Вазорати молия, Қаҳҳорзода 16-уми ноябр дар дидор бо Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, Сафири нави Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Душанбе масоили марбут ба густариши равобити ду кишварро баррасӣ кардааст. 

Манбаъ мегӯяд, масъалаҳои раванди иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист ва амнияти ғизоӣ аз меҳварҳои аслии ин мулоқот будаанд.   

Сафири Саудӣ гуфтааст, ки кишвараш ба густариши равобит бо Тоҷикистон дар ҳама бахшҳои авлавиятдошта омода ва алоқаманд аст. 

Валид ибни Абдурраҳмон моҳи июли имсол ҷойнишини Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ дар мақоми Сафири Саудӣ дар Душанбе таъин шуда буд. 

Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон соли 2010-ум ифтитоҳ шудааст. Аммо бунёди рушди Саудӣ аз оғози солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ба маблағгузории тарҳҳои мухталиф саҳм мегузорад. 

Ҳамчунин, қабл аз шурӯи коронавирус сармоягузорони Саудӣ гуфта буданд, ки барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби гардишгарони зиёд аз кишварҳои арабӣ омода ҳастанд. 

Раҳимзода бо Сафири Туркия тақвияти муборизаи муштарак бо терроризмро баррасӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед